АЁДАТИ КЎҲАНСОЛОН ВА МАЪЮБОНИ ПАРВАРИШГОҲИ ДЕҲМОЙ
Хуҷанд, 9 июл. (АМИТ «Ховар», Санавбар Мақсудова).- Раиси вилояти Суғд Қоҳир Расулзода 8 июл дар Рӯзи маъюбон дар деҳкадаи Деҳмой ба аёдати кӯҳансолон ва маъюбон рафт, ки дар ин ҷо дар парваришгоҳи махсус нигоҳубин карда мешаванд. Раиси вилоят ба хонаи кӯҳансолону маъюбон 2 асбоби обгармкунии барқӣ ва 2 кондиционер тӯҳфа кард. Мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки айни ҳол дар ин ҷо 208 шахси куҳансолу маъюб аз ҷумла 78 нафар бачагони маъюби аз 4 то 18 сола зиндагӣ мекунанд. Дар хонаи куҳансолону маъюбон тамоми шароити зиндагӣ муҳайё карда шудааст. Ба маъюбон ошхона, китобхона, муоинагоҳи тиббӣ, сартарошхона ва ғайра хизмат мерасонанд. Имрӯз дар вилояти Суғд қариб 49 ҳазор шахси маъюб зиндагӣ мекунад. Аз номи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ба муносибати Рӯзи маъюбон ба 179 оилаи камбизоат ва шахсони маъюб ёрдампулӣ супорида шуд.








Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






