АЗХУДКУНИИ ИНВЕСТИТСИЯҲО ДАР СОХТМОН ВА ЭНЕРГЕТИКА

Июль 22, 2009 11:59

                      Душанбе, 22 июл. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Тибқи маълумоти ба Кумитаи давлатии омор пешниҳод намудаи Вазорати энергетика ва саноат, инвеститсияҳо дар сохтмон ва таҷдиди нерӯгоҳҳои барқи обӣ дар моҳҳои январ — июни соли 2009 ба таври хеле самаранок истифода шудааст. Аз он ҷумла дар нерӯгоҳи барқи обии «Сангтӯда — 1» — 126 миллиону 921 ҳазор сомонӣ инвеститсияи сармояи асосӣ исти фода шудааст, ки сохтмон дар ин иншоот дар арафаи анҷомёбист.                     Дар нерӯгоҳи барқи обии «Сангтӯда-2» ба маблағи 63 млн. 667 ҳазор сомонӣ сармояи инвеститсионӣ мавриди истифода қарор ёфтааст. Аз ҷумла, дар сохтмони ин иншоот аз ҳисоби маблағгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон 200 ҳазор сомонӣ ва аз ҷониби Ҷумҳурии Исломии Эрон 43 миллиону 667 ҳазор сомонӣ ва дар нерӯгоҳи барқи обии «Роғун» 177 миллиону 991 ҳазор сомонӣ маблағ истифода карда шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 169 миллиону 304 ҳазор сомонӣ зиёд аст.

Июль 22, 2009 11:59

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад