БА ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН МЕДАЛИ ТИЛЛОИ ФБС СУПОРИДА ШУД
Душанбе, 1 июл. (АМИТ «Ховар», Темур Бандишоев).- Рӯзҳои таҷлили Иди Ваҳдати миллӣ дар вилояти Суғд ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон медали тиллои Федератсияи байналмилалии самбо супорида шуд. Аз Кумитаи кор бо ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати ҷумҳурӣ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ки медали тиллоро ба Президенти Тоҷикистон ноиби раиси Федератсияи байналмилалии самбо, раиси Федератсияи самбои Осиё ва раиси Федератсияи самбои Ўзбекистон Фазлиддин Пӯлодов супорид. Вай номаи Анҷумани муассисони Федератсияи самбои Осиёи Марказиро ба Эмомалӣ Раҳмон супурд. Дар нома хабар дода мешавад, ки Президенти Тоҷикистон раиси ифтихории Федератсияи самбои Осиёи Марказӣ интихоб шудааст. Ф. Пӯлодов зикр намуд, ки медали тилло ба Президенти Тоҷикистон барои саҳми калонаш дар тарбияи насли наврас дар рӯҳияи тарзи ҳаёти солим ва рушди варзиш, аз ҷумла варзиши самбо дар қитъаи Осиё супорида шуд. Сарвари давлати Тоҷикистон ба Федератсияи байналхалқии самбо изҳори сипос намуда, изҳор намуд, ки ҷоизаи мазкур на мукофоти шахсии ӯ, балки қадрдонии хизмати ҳамаи варзишгарони Тоҷикистон мебошад.








Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






