БАРРАСИИ МАСЪАЛАҲОИ БЕЗАРАРГАРДОНДАНИ МИНАҲО

Июль 4, 2009 12:38

                     Душанбе, 4 июл. (АМИТ «Ховар», Наталя Михайлова).- 7 июл дар меҳмонхонаи «Ҳаёт Реҷенси»-и пойтахт дар мавзӯи озод намудани минтақаи Осиёи Марказӣ аз мина конфронс баргузор мегардад. Конфронси мазкур бо ташаббуси Маркази гуманитарии безарар гардондани минаҳои Женева гузаронида мешавад. Дар он намояндагони муассисаҳои дипломатии хориҷӣ, созмонҳои байналхалқӣ, аъзои комиссияи дар амал татбиқ намудани ҳуқуқи байналхалқии гуманитарӣ, кормандони Маркази гуманитарии безарар гардондани минаҳо дар Женева, намояндагони вазорату идораҳои ҷумҳурӣ иштирок хоҳанд кард.                   Корманди масъули Маркази безарар гардондани минаҳо дар Тоҷикистон Парвиз Мавлонқулов ба АМИТ «Ховар» хабар дод, ки ба конфронс инчунин намояндагони Туркманистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Афғонистон ва Ўзбекистон даъват шудаанд.Мухбири АМИТ «Ховар» ёдовар мешавад, ки Тоҷикистон ба Муоҳидаи манъи истифода, захира кардан, истеҳсол намудан ва ба мамлакатҳои дигар додани минаҳои зидди пиёдагардон ва нобуд сохтани онҳо аз 18 сентябри соли 1997 ҳамроҳ шуда буд. То ҳол дар Тоҷикистон баъзе қитъаҳои миназор безарар гардонда нашудаанд, ки аз замони ҷанги дохилӣ боқӣ мондаанд.                 Марзбонони Русия дар вақташ дар баъзе минтақаҳои бо Афғонистон ҳамсарҳади Тоҷикистонро дар масоҳати хеле калон мина хобонда буданд. Баъдан дар давоми солҳои 1999-2000 марзбонони Ўзбекистон бо мақсади пешгирии вуруди дастаҳои мусаллаҳи Ҷунбиши исломии Ўзбекистон ба қаламрави мамлакаташон бисёр минтақаҳои бо Ўзбекистон ҳамсарҳади Тоҷикистонро ба таври якҷониба ба миназор табдил додаанд. Имрӯз дар Тоҷикистон барои безарар гардондани минаҳо тадбирҳои самарабахш андешида мешаванд.                 Тарҷумон Қудратов А. 

Июль 4, 2009 12:38

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад