БОНКИ УМУМИҶАҲОНӢ 5 МЛН. ДОЛЛАРИ ИМА БА СОҲАИ ТАНДУРУСТИИ ҶТ ҶУД
Душанбе, 21 июл. (АМИТ «Ховар», Ибодат Давлатова). — Лоиҳа оид ба тандурустии заминавӣ ва ҷамоавӣ яке аз грантҳои маблағгузории бузурги мамлакат дар соҳаи тандурустӣ мебошад, қайд намуд дар нишасти матбуотӣ муовини директори Лоиҳа оид ба тандурустии заминавӣ ва ҷамоавӣ Маърифат Абдуллоева. Ӯ афзуд, ки суръати татбиқи лоиҳаи оид ба тандурустии заминавӣ ва ҷамоавӣ барои дастгирии ислоҳоти ташкилотию молиявӣ, баланд бардоштани қудрати Вазорати тандурустӣ ва беҳтар кардани идоракунии соҳа, инчунин дастрас гардондан ва дар ноҳияҳои таҷрибавӣ розигии аҳолиро аз хизматрасониҳои тиббӣ соҳиб шудан, равона шудааст. Ҳамаи чорабиниҳои лоиҳа амалӣ шуда истодаанд, азхудкунии маблағҳо аз аввали татбиқ 87%-ро ташкил медиҳад. Дар як нимсолаи соли 2009 азхудкунии маблағҳо 2249601 доллари амрикоӣ ва иҷрокунии нақша 101%-ро ташкил дод. Ба ғайр аз ин, лоиҳа нахустин маротиба маблағгузориро барои расонидани кӯмаки фавқулодда ба занони ҳомила ва кӯдаки ширмакдошта амалӣ мекунад, ба анҷоми пеш аз нақшавии он — то августи соли 2009 тамоми шароит вуҷуд дорад. Суръати баланди татбиқи лоиҳа ва азхудкунии маблағҳои грантӣ Бонки Умумиҷаҳониро водор намуданд, ки боз 5 миллион доллари амрикоӣ ба соҳаи тандурустӣ ҷудо намояд. Созишномаи грантӣ оид ба маблағгузории иловагӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Умумиҷаҳонӣ дар моҳи майи соли 2009 ба имзо расид.








Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






