БОЗ ЯК УЗВИ «ҲИЗБ- УТ- ТАҲРИР» ДАСТГИР ШУД
Душанбе, 9 июл. (АМИТ «Ховар», Наталя Михайлова).-7 июл дар рафти амалиёти махсуси кормандони Раёсати мубориза ба муқобили ҷиноятҳои муташаккили ВКД ҶТ ҳамроҳи кормандони Раёсати минтақавии вилояти Суғд узви ташкилоти манъшудаи ифротии динии «Ҳизб-ут-таҳрир», сокини маҳаллаи 13-уми шаҳри Хуҷанд Аҳмад Очилови 31 сола дастгир шуд. Дар ҷараёни тафтиш муқаррар карда шуд, ки А. Очилов моҳи январи соли 2009 узви «Ҳизб-ут- таҳрир» гардида, дар вазифаи ёрдамчии мудири молияи созмони динӣ кор кардааст. Вай ҳамаи аъзои маҳаллии созмонро бо телефонҳои мобилӣ таъмин намудааст. Нисбати А. Очилов парвандаи ҷиноӣ кушода шуд ва тафтиши ҷинояти ӯ давом дорад.








Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






