ЧАҲОР УЗВИ ЯК ХОНАВОДА ЗИНДОНӢ ШУД
Кӯлоб, 14 июл. (АМИТ «Ховар» Сулаймон Холов). – Додгоҳи шаҳри Кӯлоб чаҳор тан аъзои як хонаводаро бо айби фурӯши маводи мухаддир бо мӯҳлатҳои гуногун равонаи зиндон намуд. Тибқи ҳукми додгоҳ бародарон Раҳматов Абдулазиз ва Юсуфҷон, яке 6 ва дигаре 14 сол ва ҳамсарони онҳо ба мӯҳлати 5 сол аз озодӣ маҳрум дониста шудаанд. Бино ба гуфти Фурқат Раҳматуллоев, мудири котиботи додгоҳи шаҳри Кӯлоб, парвандаи мазкур аз дигар парвандаҳои вобаста ба маводи мухаддир, ки додгоҳ таи ду соли охир барраси карда буд, фарқ дошт. Ба қавли ӯ замоне аҳли ин хонавода боздошт шудааст, ки онҳо дар манзили зисти худ 35 кг навъҳои гуногуни маводи мухаддирро танҳо барои фурӯш ба сокинони маҳаллӣ нигоҳ медоштанд ва онро ба бозори дохилии фурӯши маводи мухаддир барои нашъамандон табдил додо буданд. Аз ин мақомоти дахлдор дер огоҳӣ пайдо намуданд. Мавриди зикр аст, ки аз 10 ноҳияи Кӯлоб 3 ноҳия Шӯрообод, Ҳамадонӣ ва Фархор дар марзи давлати исломии Афғонистон мавқеият доранд. Тибқи иттилои мақомоти расмӣ маводи мухаддир аслан тариқи ин навоҳии наздисарҳадӣ ба минтақаи Кӯлоб ворид мешавад. Таҳрири Жасмин Назарова








Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






