ЧАҲОР УЗВИ ЯК ХОНАВОДА ЗИНДОНӢ ШУД

Июль 14, 2009 15:43

             Кӯлоб, 14 июл. (АМИТ «Ховар» Сулаймон Холов). – Додгоҳи шаҳри Кӯлоб чаҳор тан аъзои як хонаводаро бо айби фурӯши маводи мухаддир бо мӯҳлатҳои гуногун равонаи зиндон намуд.              Тибқи ҳукми додгоҳ бародарон Раҳматов Абдулазиз ва Юсуфҷон, яке 6 ва дигаре 14 сол ва ҳамсарони онҳо ба мӯҳлати 5 сол аз озодӣ маҳрум дониста шудаанд.              Бино ба гуфти Фурқат Раҳматуллоев, мудири котиботи додгоҳи шаҳри Кӯлоб, парвандаи мазкур аз дигар парвандаҳои вобаста ба маводи мухаддир, ки додгоҳ таи ду соли охир барраси карда буд, фарқ дошт. Ба қавли ӯ замоне аҳли ин хонавода боздошт шудааст, ки онҳо дар манзили зисти худ 35 кг навъҳои гуногуни маводи мухаддирро танҳо барои фурӯш ба сокинони маҳаллӣ нигоҳ медоштанд ва онро ба бозори дохилии фурӯши маводи мухаддир барои нашъамандон табдил додо буданд. Аз ин мақомоти дахлдор дер огоҳӣ пайдо намуданд. Мавриди зикр аст, ки аз 10 ноҳияи Кӯлоб 3 ноҳия Шӯрообод, Ҳамадонӣ ва Фархор дар марзи давлати исломии Афғонистон мавқеият доранд. Тибқи иттилои мақомоти расмӣ маводи мухаддир аслан тариқи ин навоҳии наздисарҳадӣ ба минтақаи Кӯлоб ворид мешавад.   Таҳрири Жасмин Назарова  

Июль 14, 2009 15:43

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд