ДАР ДМТ 275 ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ ТАҲСИЛ МЕКУНАНД
Душанбе, 9 июл. (АМИТ «Ховар», Ибодат Давлатова).- Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон 275 нафар шаҳрвандони хориҷӣ таҳсил менамоянд, қайд намуд ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Нуриддин Саидов дар нишасти матбуотие, ки 9 июли соли ҷорӣ баргузор гардид. Аз ин теъдод 48 нафар донишҷӯ дар шӯъбаҳои рӯзона ва ғоибона, 16 нафар магистрант, 18 нафар шунаванда дар Маркази омӯзиши забонҳои факултети филология, 165 нафар ба сифати унвонҷӯ ва 28 нафар ба ҳайси аспирант дар шӯъбаи аспирантураи Донишгоҳ таҳсил менамоянд. Соли равон дар факултети фалсафаи Донишгоҳ «Маркази фарҳангию таълимии Конфутсий дар назди ДМТ» кушода шуд. Ҳоло дар Марказ беш аз 100 нафар шунавандагон ба омӯзиши забони хитоӣ машғул мебошанд. Барои дар факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳ ҷорӣ намудани фанни ҳуқуқи зан ва таҳияи барнома ва китоби дарсӣ дар ин мавзӯъ бо ташкилоти ЮНИФЕМ-и Созмони Миллали Муттаҳид ба маблағи 30 ҳазор доллари амрикоӣ барои ду сол созишнома ҳосил шуд. Дар фарҷом Н. Саидов ва муовинони ӯ ба саволҳои хабарнигорон посух доданд.








Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид






