ДАР НИМСОЛАИ АВВАЛИ СОЛИ ҶОРӢ ДАР ҶУМҲУРӢ 21 МАКТАБ СОХТА ШУД
Душанбе, 7июл.(АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова).- Дар нимсолаи аввали соли 2009 дар робита ба иҷрои Барномаи давлатии рушди тарбияи томактабии Вазорати маорифи ҶТ барои солҳои 2006-2010 ва расонидани кўмаки методӣ ба кормандони ин соҳа 8 номгўй дастури методӣ таҳия гардид. Дар ин бора дар нишасти матбуотие, ки 6 июл дар Вазорати маориф баргузор гардид, вазири маориф Абдуҷаббор Раҳмонов хабар дод. Ҳамчунин ӯ қайд намуд, ки дар оғози соли таҳсил дар муассисаҳои таҳсилоти умумии кишвар 7542 нафар омўзгорон намерасиданд. Тадбирҳои андешида дар ин самт то андозае мусоидат намуда, ин норасоӣ то ба 2969 нафар паст фароварда шуд. Нарасидани кадрҳои омўзгорӣ бештар аз фанҳои забони англисӣ, забони русӣ, математика, забону адабиёти тоҷик ва забони давлатӣ, ба назар мерасад. Бо қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нимсолаи аввал Коллеҷи муҳандисию техникии шаҳри Роғун, Коллеҷи ҳунарҳои мардумии шаҳри Истаравшан, Коллеҷи муҳандисӣ-омўзгории ноҳияи Рўдакӣ таъсис дода шуда, бо сабаби суст будани заминаҳои моддию техникӣ, таълимию кадрӣ ва набудани талабот Коллеҷи савдои шаҳри Душанбе, Омўзишгоҳи касбӣ-техникии №72 ноҳияи Шаҳритус, Омўзишгоҳи касбӣ-техникии №49 ноҳияи Рўдакӣ ва Омўзишгоҳи омўзгории ноҳияи Рўдакӣ барҳам дода шуданд. Ҷиҳати иҷрои «Барномаи давлатии сохтмон, таъмиру азнавсозии мактабҳо барои солҳои 2008-2015, ки дар хонаҳои шахсӣ, вагонхонаҳо, биноҳои маъмурию ҷойҳои ҷамъиятӣ ҷойгиранд», дар соли равон сохтмони 23 иншоот ба нақша гирифта шудааст, ки айни замон дар ин иншоотҳо корҳои сохтмонӣ идома дошта, рафти иҷрои барномаи мазкур таҳти назорати доимӣ қарор дорад, -зикр намуд вазир. Дар ҳамин давра дар ҷумҳурӣ аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ 21 бинои мактабҳо бо маблағи зиёда аз 43 млн. 343 ҳазор сомонӣ сохта ба истифода дода шуд.Дар нимсолаи аввали соли 2009 18 номгўй китобҳои дарсӣ бо теъдоди 906858 нусха ба маблағи 5 937 048 сомонӣ, инчунин 9 номгўй дастурҳои таълимӣ барои муассисаҳои таълимӣ ва 1 барномаи таълимии «Назария, низом ва технологияи педагогӣ» барои мактабҳои олӣ бо теъдоди 14285 нусха ба нашр расонида шуданд. Дар натиҷаи фаъолияти судманд ва бо дархости Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Вазорати маориф (ва илм) — и кишварҳои хориҷӣ барои таҳсили шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон бурсияҳо ҷудо гардид. Аз ҷумла Ҷумҳурии Туркия — 15 бурсия, Ҷумҳурии Халқии Хитой — 34 бурсия , Корея — 4 бурсия, Япония — 3 бурсия, Словакия — 1, Полша — 1 бурсия, Украина — 10 бурсия ва Федератсияи Россия — 160. Дар натиҷаи кўшишу дархости Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон Федератсияи Россия барои таҳсили шаҳрвандони мо дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбии (коллеҷҳои) Федератсияи Россия 68 бурсия ҷудо намуд.








Кирмакпарварони ноҳияи Панҷ беш аз 78 фоизи нақшаи пилласупориро иҷро намуданд
«ДОНАНДАИ БЕҲТАРИНИ АСАРҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ». Даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ дар муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ оғоз гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
«ФАРЗАНД — ИДОМАДИҲАНДАИ ОИЛА». Дар ноҳияи Данғара таҳти ин унвон иқдоми маърифатӣ гузаронида шуд
Ғолибони озмуни «Донандаи беҳтарин асарҳои Пешвои миллат» дар Донишгоҳи давлатии Хоруғ муайян гардиданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
САВГАНДИ САДОҚАТ БА ХАЛҚУ ВАТАН! Дар шаҳри Бӯстон маросими савгандёдкунии наваскарон баргузор гардид
КИРМАКПАРВАРӢ. Имсол ба ҷамоатҳои шаҳри Истаравшан 200 қуттӣ кирмак тақсим карда шуд
Барои муштариёни Суғду Хатлон – тарофаҳои дорои интернети бештар
Дар ноҳияи Рӯдакӣ таҳти унвони «Оила-рамзи муҳаббат, вафо ва ҳамдигарфаҳмӣ» ҳамоиш доир гардид
Ноҳияи Дӯстии вилояти Хатлон нақшаи истеҳсоли пилларо пурра иҷро намуд
ИМРӮЗ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ОИЛА. Барномаи давлатии рушди оила дар Тоҷикистон ба таҳкими пояҳои оиладорӣ нигаронида шудааст






