ДАР ПОЙТАХТ МАРКАЗИ КАЛОНИ ФАРОҒАТӢ СОХТА МЕШАВАД
Душанбе, 14 июл. (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих). – Рӯзҳои наздик дар пойтахт сохтмони маҷмааи калони фарҳангу фароғатӣ оғоз хоҳад ёфт. Ташаббускори сохтмони он Агентии сохтмону меъмории назди Ҳукумати Тоҷикистон мебошад. Маҷмаа бо маблағи ҷудо намудаи давлати Қатар сохта хоҳад шуд. Лоиҳаи онро раиси шаҳри Душанбе М. Убайдуллоев тасдиқ намуд. Директори агентии сохтмону меъмории ҷумҳурӣ Абдувалӣ Комилов зикр кард, ки бинои нави фарҳангию фароғатӣ дар мавзеи Буни Ҳисорак дар паҳлӯи биноҳои Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бунёд мегардад. Масоҳати умумии он 15 гектар мебошад. Маҷмааи мазкур минтақаи истироҳати бачагону калонсолон ва мӯйсафедону маъюбонро дар бар мегирад. Мухбири АМИТ «Ховар» ёдовар мешавад, ки чунин маҷмааи фарҳангию фароғатӣ чанде пеш дар шаҳри Хуҷанд сохта шуд. Сохтмони он солҳои оянда дар шаҳри Хоруғ ба нақша гирифта шудааст. Тарҷумон – Қудратов А.








Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






