ДАР САРҲАД МИҚДОРИ ЗИЁДИ МОЛҲОИ БЕ ҲУҶҶАТ ДАСТГИР ШУД

Июль 4, 2009 11:57

                  Душанбе, 4 июл. (АМИТ «Ховар», Наталя Михайлова).- Кормандони Хадамоти гумруки назди Ҳукумати ҷумҳурӣ моҳи июн дар посгоҳи сарҳадии «Панҷи поён» қариб 700 ҷилд китоб, миқдори зиёди касетаҳои сабти овоз ва қартаҳои дорои матнҳои диниро мусодира карданд, ки барои ба қаламрави мамлакат ворид сохтани онҳо ягон ҳуҷҷат вуҷуд надошт. Ҳамаи ин молҳоро ду шаҳрванди Тоҷикистон ва якчанд шаҳрванди Афғонистон мехостанд ба қаламрави мамлакат ворид созанд. Касетаҳои сабти овоз рамзҳои махсус доштанд ва онҳоро танҳо бо кӯмаки кортҳои махсус шунидан мумкин буд, дар муқоваи китобҳо макони чопи онҳо нишон дода нашуда буд.                   Аз дафтари матбуоти хадамоти гумрук ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ки барои ба қаламрави Тоҷикистон ворид сохтани чунин китобҳо ва касетаҳои сабти овоз аз ҳар кадоми онҳо як нусхагӣ бояд барои тафтишу таҳқиқ ва гирифтани иҷозат ба Вазорати фарҳанг пешниҳод карда шавад. Мутахассисони Вазорати фарҳанг муқаррар менамоянд, ки мазмуну мундариҷаи китобҳо ва касетаҳо ба қонунҳои амалкунандаи Тоҷикистон мухолиф намебошанд. Кормандони гумрук инчунин миқдори зиёди пулҳои Ҳукумати муваққатии Русияро мусодира намуданд, ки соли 1917 бароварда шудаанд. Пулҳо низ дар ҳуҷҷатҳо нишон дода нашудаанд.                 Кормандони гумрук дар бораи ҳамаи молҳои мусодирашуда протокол тартиб доданд, онҳо барои тафтишу таҳқиқ ба вазорати фарҳанг супорида шуданд.

Июль 4, 2009 11:57

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад