ДАР СОҲАИ ФАРҲАНГ МУТАХАССИСОН НАМЕРАСАНД

Июль 30, 2009 16:52

                    Душанбе, 30 июл. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова).- Барои таҳсил дар муассисаҳои таълимии фарҳанг ва санъати кишварҳои хориҷӣ дар соли хониши 2009-2010 19 нафар довталабони тоҷик аз имтиҳон гузаштанд. Дар Вазорати фарҳанги ҶТ ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар доданд, ки ин донишҷӯён тибқи «Барномаи давлатии тайёр кардани кадрҳои соҳибихтисоси соҳаи фарҳанг, санъат ва табъу нашр 2007-2010» дар макотиби олии Россия, Украина, Қазоқистон ва Эрон таҳсил менамоянд. Дар вазорат қайд карданд, ки айни ҳол дар мактабҳои олии мамлакатҳои хориҷӣ 55 донишҷӯи тоҷик аз рӯи 27 ихтисос таҳсили ҳунар мекунанд.                    Ёдовар шудан ба маврид аст, ки ҳоло дар ҷумҳурӣ 94 муассисаи таълимии соҳаи фарҳанг амал мекунанд, ки дар онҳо қариб 14 ҳазор донишҷӯ ва хонанда таҳсил намуда, ба онҳо 2, 5 ҳазор устодони варзидаи соҳаи мазкур таълим медиҳанд. Бо вуҷуди ин ба гуфти ректори Донишкадаи санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзода Аслиддин Низомов дар муассисаҳои фарҳанги ҷумҳурӣ миқдори зиёди матахассисон намерасанд. Бахусус ин ҳолат бештар дар вилояти Хатлон мушоҳида мешавад.

Июль 30, 2009 16:52

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад