ДАР ВМКБ АНҶУМАНИ ПАЙВАНД ТАЪСИС ЁФТ
Бадахшон, 30 июл. (АМИТ «Ховар», Л. Додо).- Дар шаҳри Хоруғ бахши вилоятии комиҷроияи Анҷумани тоҷикону форсизабонони дунё «Пайванд» ба фаъолият шурӯъ намуд. Дар нахустин ҷаласаи он масъалаҳои ташкилӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Шамсиддин Орумбеков муовини раиси вилоят, роҳбари бахши бадахшонии комиҷроияи анҷумани тоҷикону форсизабонони «Пайванд», устоди Донишгоҳи давлатии шаҳри Хоруғ, доктори илмҳои филологӣ Назрӣ Офаридаев муовини ӯ интихоб шуданд. Раиси кумитаи иҷроияи анҷумани тоҷикону форсизабонони дунё «Пайванд» Исомиддин Салоҳиддинов зимни суханронӣ дар ҷаласаи муассисони бахши бадахшонии анҷуман иброз дошт, ки соли 2010 ба таъсисёбии анҷумани тоҷикону форсизабонони дунё «Пайванд» 20 сол пур мешавад. 20 сол қабл анҷуман ба хотири муттаҳидсозии тамоми тоҷикону форсизабононе, ки дар 30 мамлакати ҷаҳон зиндагӣ мекунанд, дар пиёдасозии масоили умдаи тоҷикону форсизабонон ба хотири эҳёи суннатҳои аҷдодӣ, эмин нигоҳ доштани онҳо аз хатари ҷаҳонишавӣ буд ва имрӯз анҷуман ин вазифаи хешро таҳти сарпарастии Президенти кишвар сарбаландона иҷро менамояд. Ман боварӣ дорам,- афзуд Исомиддин Салоҳиддинов, бахши бадахшонии анҷумани «Пайванд» корҳои бузургро хотима хоҳанд дод.








Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






