ДАР ВМКБ ЭҲТИЁҶ БА НЕРӮИ БАРҚ КАМ ШУД

Июль 30, 2009 10:09

                   Душанбе, 30 июл. (АМИТ «Ховар», Жасмин Назарова). — Дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ дар Ширкати «Помир Энерҷӣ» корҳои муайян оиди таъмин намудани аҳолӣ ва хоҷагии халқи вилоят бо нерӯи барқ, дар ҳолати хуби техникӣ нигоҳ доштани иншоот, хатҳои интиқоли барқ, зеристгоҳҳо ва ҷамъоварии маблағи ҳаққи истифодаи нерӯи барқ ба иҷро расонда шуданд.                   Дар давоми шаш моҳи соли 2009 нерӯгоҳҳои барқи обии ВМКБ ба миқдори 95 989 685 кВт/с қувваи барқ истеҳсол карданд, ки ин нисбат ба нимсолаи аввали соли гузашта ба миқдори 1 089 841 кВт/с кам мебошад. Сабаби назар ба соли гузашта кам истеҳсол кардани нерӯи барқ асосан аз ҳисоби кам шудани талабот ба нерӯи барқ аз тарафи муштариён мебошад. Ба ин ҳамчунин баланд шудани нархи нерӯи барқ, шинондани ҳисобкунакҳои нави электронӣ дар шаҳри Хоруғ сабаб гардиданд.   

Июль 30, 2009 10:09

Хабарҳои дигари ин бахш

6 феврал дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
5 феврал дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад