ДАР ВМКБ ЭҲТИЁҶ БА НЕРӮИ БАРҚ КАМ ШУД
Душанбе, 30 июл. (АМИТ «Ховар», Жасмин Назарова). — Дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ дар Ширкати «Помир Энерҷӣ» корҳои муайян оиди таъмин намудани аҳолӣ ва хоҷагии халқи вилоят бо нерӯи барқ, дар ҳолати хуби техникӣ нигоҳ доштани иншоот, хатҳои интиқоли барқ, зеристгоҳҳо ва ҷамъоварии маблағи ҳаққи истифодаи нерӯи барқ ба иҷро расонда шуданд. Дар давоми шаш моҳи соли 2009 нерӯгоҳҳои барқи обии ВМКБ ба миқдори 95 989 685 кВт/с қувваи барқ истеҳсол карданд, ки ин нисбат ба нимсолаи аввали соли гузашта ба миқдори 1 089 841 кВт/с кам мебошад. Сабаби назар ба соли гузашта кам истеҳсол кардани нерӯи барқ асосан аз ҳисоби кам шудани талабот ба нерӯи барқ аз тарафи муштариён мебошад. Ба ин ҳамчунин баланд шудани нархи нерӯи барқ, шинондани ҳисобкунакҳои нави электронӣ дар шаҳри Хоруғ сабаб гардиданд.








Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ вориди шаҳри Тошканд гардиданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд






