ДОВТАЛАБОН ҲУҶҶАТҲОИ ХУДРО БОЗ ГИРЕД!

Июль 28, 2009 16:03

                 Душанбе, 28 июл.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Донишкадаи технологияи инноватсионӣ ва коммуникатсионии Тоҷикистон дар соли таҳсили 2009-2010 муваққатан қабули довталабонро қатъ намуд. Аз ин рӯ, ба диққати волидайну довталабон расонида мешавад, ки ҳуҷҷатҳои фарзандони худро боз гирифта, то 31 июл ба дигар муассисаҳои олии мамлакат супоранд.                 Назар ба итиллои сардори маркази матбуоти Вазорати маорифи ҷумҳурӣ Ноилшо Нуралиев, сабаби қатъ намудани қабули довталабон ба донишкадаи мазкур ба санадҳои ҳуқуқию меъёрии ҷумҳурӣ ҷавобгӯ набудани фаъолияти Донишкадаи мазкур аст.                 Донишкадаи мазкур аз соли 2003 ҳамчун Донишкадаи байналмилалии Тоҷикистон фаъолият дошт. Алҳол Донишкадаи технологияи инноватсионӣ ва коммуникатсионӣ дорои ду факулта -факултаи ҳуқуқ ва муносибатҳои байналмилалӣ ва факултаи технологияи иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ буда, дар он 1500 донишҷӯ таҳсил менамоянд.

Июль 28, 2009 16:03

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад