ХИСОРОТРО АЗ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРӢ ПИНҲОН ДОШТАНД
Душанбе, 29 июн. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Соли ҷорӣ дар натиҷаи боронгариҳои зиёд садҳо оилаҳо хисороти молӣ диданд. Як чиз боиси таассуф аст, ки аз ҳодисаи табии д ар деҳаи Тоҷиксойи ноҳияи Панҷ ,ки бар асари сел 27 оила хисороти зиёди моддӣ ва то ҳатто ҷонӣ ҳам дид, мақомоти ҳолатҳои фавқулодда ва роҳбарияти вилояти Хатлон ба Ҳукумати ҷумҳурӣ маълумот пешниҳод накарданд. Ин буд, ки то ташкил ёфтани комиссияи махсуси давлатӣ касе аз намояндагони Ҳукумати ҷумҳурӣ дар бораи ҳодисаи зери лой мондани хонаҳои истиқоматии 27 оилаи Тоҷиксойи ноҳияи Панҷ огоҳӣ надоштанд. Баъди пешниҳод намудани маълумот аз ҷониби комиссияи махсуси ҳукуматӣ, бо супориши Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба таври фаврӣ расонидани кӯмак аз ҷониби Ҳукумати ҷумҳурӣ оғоз ёфт ва дар як муддати кӯтоҳ ба зарардидагони ноҳияи Панҷ ба миқдори 150 тонна семент аз маркази ҷумҳурӣ интиқол дода шуд. Рӯзҳои наздик барои бунёди хонаҳои истиқоматӣ аз ҷониби Ҳукумати ҷумҳурӣ ба миқдори зарурӣ тахта ва шифер низ расонида мешавад. Бино ба гуфти раиси ноҳия Мирзодавлат Сабуров, бо кӯмаки ҳукумати ноҳияи Панҷ ду оила ва бо кӯмаки эмомхатибони ноҳия барои як оила хона бунёд мегардад. Ба гуфти сокинони деҳаи Тоҷиксой на ҳамаи оилаҳои камбизоати инҷо то тирамоҳ барои худ хонаҳои истиқоматӣ бунёд карда метавонанд. Аз ин рӯ, сокинони деҳаи Тоҷиксой ба кӯмаку дастгирии ноҳияҳои дигари ҷумҳурӣ ниёз доранд.








Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид






