ИСТИРОҲАТИ БОФАРОҒАТИ БАЧАГОН
Душанбе, 1 июл. (АМИТ «Ховар», Мавзуна Бойева)- Истироҳатгоҳи "Космос" имсол барои қабули фарзандони кормандони "Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе" сари вақт омода карда шуд. Иттифоқи касабаи кормандони фурудгоҳ бо дастгирӣ ва кӯмаки роҳбарият ва иттифоқи касабаи коргарон тамоми чораҳоро андешиданд, то истироҳатгоҳ ба мавсими имсола пурра омода карда шавад. Рӯзи 30 июн аввалин гурӯҳи истироҳаткунандагон ба фароғатгоҳ фиристода шуданд, ки дар дараи хушманзараи Ромит, воқеъ аст. Тавре ба мухбири АМИТ «Ховар» аз дафтари матбуоти "Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе" итиллоъ доданд, бачагонро роҳбари истироҳатгоҳ Рухшонаи Низомиддин пешвоз гирифт. Муаллима дар ин соҳа таҷрибаи бой дошта, солҳои зиёд аст, ки сарварии фароғатгоҳро бар ӯҳда дорад. Бино ба иттилои масъулин, имсол барои 180 нафар ҷой муҳайё карда шудааст. Барои гузаронидани корҳои маданӣ -фароғатӣ муаллими кордида Шамсиддин Шаҳобиддинов таъин гардид. Барномаи истироҳат барои 20 рӯз таҳия карда шуда, аз рӯи он наврасон истироҳат хоҳанд кард. Ҳамзамон дар назар аст, ки таи ин рӯзҳо наврасон бо барномаҳои тарҳрезишудаи мусиқӣ , омода кардани саҳначаҳои театрӣ ва саёҳатӣ фаро гирифта мешаванд.Имсол дар назар аст, ки наврасон дар ду навбат истироҳат хоҳанд кард.








Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






