КИТОБИ ДАРСИИ ЗАБОНИ ТОҶИКӢ БАРОИ МАКТАБҲОИ ОЛИИ ИДМ

Июль 21, 2009 16:56

                     Душанбе, 21 июл. (АМИТ «Ховар», Наталя Михайлова). — Нашриёти «Ключ — С» — и шаҳри Маскав қисми аввали китоби дарсии «Забони тоҷикӣ» — ро барои мактабҳои олии мамлакатҳои ИДМ бо теъдоди ҳазор нусха аз чоп баровард. Китоб бо кӯмаки Фонди байнидавлатии ҳамкории гуманитарии давлатҳои ИДМ чоп шуд. Мураттибони он — узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, номзади илми ҷамъиятштносӣ Ҳалима Хушқадамова, эроншиноси маъруфи Русия, мудири шӯъбаи филологияи Донишгоҳи давлатии Маскав ба номи М.В.Ломоносов, доктори илми филология Владимир Иванов ва дотсенти Донишкадаи давлатии муносибатҳои байналхалқии Маскав, номзади илми филология Елена Семёнова мебошанд. Китоби дарсии мазкур барои донишҷӯён ва аспирантҳои мактабҳои олии мамлакатҳои ИДМ пешбинӣ карда шудааст, ки забони тоҷикиро ҳамчун забони хориҷӣ меомӯзанд.                     Қисми аввали китоб 23 машғулиятро дар бар мегирад. Талабагон онро мутолиа карда, дар машғулиятҳо ширкат варзида, калимаю ибораҳои серистеъмоли забони тоҷикиро меомӯзанд ва бо ҳаёти имрӯзаи Тоҷикистон аз наздик шинос мегарданд.                      Дар китоб дар бораи меъёрҳои грамматикаи забони тоҷикӣ маълумот дода мешавад. Китоби мазкур дар факултаи таърихи Донишкадаи мамлакатҳои Осиё ва Африқои назди Донишгоҳи давлатии Маскав ба номи М.В.Ломоносов ва Донишкадаи давлатии муносибатҳои байналхалқии Маскав санҷида шуд.                     Гурӯҳи мураттибон айни ҳол китоби дуюми «Забони тоҷикӣ» — ро барои мактабҳои олии ИДМ тайёр карда истодааст.                                                                                                          Тарҷумон — Қудратов А. 

Июль 21, 2009 16:56

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад