КОНСЕРВАТОРИЯИ МИЛЛӢ СОҲИБИ ХОБГОҲ ГАРДИД
Душанбе, 21 июл. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова).-Имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Т. Сатторов нишасти матбуотӣ баргузор гардид. Дар он ректори консерватория Раҷабмад Амиров оид ба натиҷаҳои нимсолаи фаъолияти ин муассисаи ҳунарӣ ҳисобот дода, доир ба самтҳои минбаъдаи инкишофи он низ сухан кард. Аз ҷумла қайд карда шуд, ки дар шашмоҳаи аввали соли ҷорӣ консерваторияи миллӣ соҳиби хобгоҳ гардид. Бо дастгирии Вазорати фарҳанги ҶТ як корпуси хобгоҳи Донишкадаи санъат ба ихтиёри конверватория дода шуд. Аммо бинои мазкур таъмири куллиро талаб намуда, айни ҳол барои ҳалли ин масъала тадбирҳои зарурӣ андешида мешавад. Ҳамчунин Р. Амиров зикр намуд, ки дар нимсолаи аввал бо ташаббуси Консерватория 2 ҷашнвораи бонуфузи байналмилалии ҷаз ва мусиқии фортепиано баргузор гардида, ҳаёти эҷодӣ ва малакаи касбии донишҷӯёнро баланд бардошт. Ректор афзуд, ки имрӯз консерватория бо муассисаҳои 12 давлати дунё, аз ҷумла Олмон, Норвегия, Россия, Озарбойҷон, Ӯзбекистон ва Австрия ҳамкорӣ дорад. Рӯзҳои наздик Консерваторияи миллӣ бо Донишгоҳи маданият ва санъати Россия қарордод ба имзо мерасонад. Умед аст, ки ояндаи наздик бо Донишкадаи ҳунарҳои зебои шаҳри Теҳрон низ шартномаи ҳамкорӣ ба имзо хоҳад расид. Дар нишасти матбуотӣ пешниҳод карда шуд, ки мактаби мусиқии ба номи З. Шаҳидӣ ба ихтиёри консерватория дода шавад, ё дар назди консерватория мактаби алоҳидаи мусикӣ ташкил карда шавад. Мақсади ин пешниҳод, аз синни хурдӣ тарбия намудани ҳунармандони ҷавону боистеъдод дар рӯҳияи пешбурди санъати миллӣ мебошад. Инчунин дар конверватория мутахассисони варзидаи соҳаи санъат мавҷуданд, ки донишу ҳунари худро ба насли наврас омӯхтан мехоҳанд. Амиров доир ба камбудиҳои ҷойдошта сухан карда, гуфт, ки имрӯз асбобҳои мусиқӣ таъмирталаб буда, дар раванди таълим қисматҳои асосии эҳтиётии асбобҳо намерасанд. Консерватория имконияти харидории асбобҳои навро надорад. «Хуб мешуд, ки барои харидории асбобҳои мусиқии замонавӣ, ба монанди роялҳои консертӣ як миқдори муайян грант ҷудо карда шавад»,- илова намуд ӯ. Дар хотима қайд гардид, ки аз соли нави хониш дар Консерваторияи миллӣ соатҳои таълимии омӯзиши матни шеъру суруд ва нутқи саҳнавӣ зиёд карда мешаванд.








Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






