КЎМАКИ ХАЙРИЯИ РУСИЯ БА ТОҶИКИСТОН

Июль 6, 2009 13:48

                 Душанбе, 6 июл. (АМИТ «Ховар», Наталя Михайлова).- Аз Агентии захираҳои моддии давлатии назди Ҳукумати ҷумҳурӣ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ки рӯзҳои наздик аз Русия ба Тоҷикистон 149 вагон — 9552 тонна орди гандум ҳамчун кӯмаки хайрия фиристода хоҳад шуд. Кӯмаки хайрия баъдан дар байни зарардидагони боришҳои тӯлонии фасли баҳори соли равон дар минтақаҳои гуногуни мамлакат тақсим карда мешавад.                  Тавре, ки маълум аст Ҳукумати Тоҷикистон фасли баҳори соли равон аз СММ, созмонҳои дигари байналхалқӣ ва мамлакатҳои ҷаҳон хоҳиш карда буд, ки барои рафъи оқибатҳои фалокати табиӣ ва беҳтар сохтани шароити зиндагии зарардидагон кӯмаки таъҷилӣ расонанд.                 Аз рӯи ҳисобҳо, маблағи умумии зарари фалокатҳои табиӣ дар мамлакат аз 100 миллион доллари ИМА зиёд мебошад.                 Фасли баҳори имсол дар натиҷаи боришҳои шадид, омадани сел, обхезӣ ва фуромадани тарма 200 хонаи истиқоматӣ, миқдори зиёди корхонаю муассисаҳо аз ҷумла мактабҳо ва шифохонаҳо пурра валангор гардиданд. Зиёда аз 10 ҳазор нафар бе сарпаноҳ монд. Инчунин 160 километр роҳи мошингард, 40 кӯпрук, хатҳои интиқоли барқ ва истгоҳҳои насосию трансформаторӣ пурра хароб гардиданд.  

Июль 6, 2009 13:48

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Ҷамоати деҳоти Равшани ноҳияи Зафаробод корхонаи нави парандапарварӣ бунёд карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Дар ноҳияи Мастчоҳ ба кӯдакону наврасони ятим туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон тақдим гардиданд
Оид ба нақши Абуалӣ ибни Сино дар ташаккули илм ва фарҳанги башарият дар Хадамоти гумруки Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 42 дараҷа гарм мешавад
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Сокини Ҷамоати деҳоти Деҳқонободи ноҳияи Дӯстӣ аз як замин се навъи маҳсулот ҷамъоварӣ мекунад
Дар Тоҷикистон мусобиқаи «МегаФон Life дар сабки футбол» анҷом ёфт
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад