МАҚОЛАИ НАВИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН

Июль 7, 2009 11:27

                     Дар шумораи навбатии рӯзномаи «Ҷумҳурият» мақолаи Президенти ҶТ Эмомалӣ Раҳмон таҳти унвони «Имоми Аъзам ва ахлоқи умумиинсонӣ» интишор ёфт. Сарвари Давлати Тоҷикистон дар мақолаи худ дар заминаи осору таълимоти Имом Абӯҳанифа меъёрҳо ва принсипҳои ахлоқӣ, суннатҳои миллӣ ва муносибатҳои иҷтимоиро бо таҳлилу муқоиса дар марҳилаҳои гуногуни инкишофи давлатдории тоҷикон ба қалам дода, инсофу ахлоқро ифогари сатҳи маънавӣ, нишондиҳандаи сулҳу суботи ҷомеа, тарзи ҳаёту эътиқоди мардум маънидод кардааст. Ба андешаи Эмомалӣ Раҳмон ҷавҳари ахлоқи нек бояд дар дину шариат, рӯзгори ҳаррӯза, оила, ҳаёти иҷтимоӣ ва шахсӣ, инчунин дар амонатдорӣ, росткорию ростқавлӣ, муҳаббату эҳтиром, масъулиятшиносӣ, некӯкорию вафодорӣ риоя шавад.                    Тавре дар мақола таъкид гардидааст, бузургтарин мавзӯъ, ки дар таълимоти ахлоқии Имоми Аъзам мақоми барҷаста дорад, мавзӯи адлу инсоф аст ва ин падида дар Қуръони азимушшаън ва таълимоти дигар паёмбарони ислом ба таври возеҳу равшан мавқеият дорад.                    Вобаста ба риояи адлу инсоф дар ҷомеаи навини Тоҷикистон Сарвари Давлат аз авҷи фиребу найранги савдогарон,гаронфурушӣ ва дуруғгӯӣ изҳори нигаронӣ карда, таҷрибаи тоҷирии Абӯҳанифаро, ки ҳар колоро мувофиқи арзишаш нархгузорӣ мекард, намунаи беҳтарину омӯзанда медонад.                    Дар Қуръони карим ҳоли мардуме, ки дар тарозуву паймона кам мекунанд, табоҳ эълон шудааст, омадааст дар мақола.                    Президенти ҶТ Эмомалӣ Раҳмон бо ёдоварӣ аз табдирҳои ҲҶТ ҷиҳати таҳкими фазои озоди сармоягузорию соҳибкорӣ, риояи ҳуқуқу озодиҳои инсон, фаъолияти озоди ҳизбу ҳаракатҳои сиёсию иҷтимоӣ, рушди таълиму тарбия ва танзими расму оинҳои мардумӣ таъкид кардааст, ки ҳадафи таҷлили Соли бузургдошти Имоми Аъзам аз як ҷониб эҳтирому арҷгузорӣ ба таърихи бою пурғановат бошад, аз тарафи дигар тарғиби таълимоти ахлоқии ин нобиғаи миллат ба дарку омӯзиши арзишҳои ахлоқӣ дар ҷомеаи имрӯза, болоравии сатҳи маънавиёт, адлу инсоф ва ҳамдигарфаҳмию таҳаммулпазирӣ мебошад.Мақола барои доираи васеи хонандагон пешбинӣ шуда, маводи ҷолибу пурмуҳтавост.

Июль 7, 2009 11:27

Хабарҳои дигари ин бахш

9 феврал дар якчанд идораю корхона нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
6 феврал дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
5 феврал дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд