МАҚОЛАИ НАВИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН
Дар шумораи навбатии рӯзномаи «Ҷумҳурият» мақолаи Президенти ҶТ Эмомалӣ Раҳмон таҳти унвони «Имоми Аъзам ва ахлоқи умумиинсонӣ» интишор ёфт. Сарвари Давлати Тоҷикистон дар мақолаи худ дар заминаи осору таълимоти Имом Абӯҳанифа меъёрҳо ва принсипҳои ахлоқӣ, суннатҳои миллӣ ва муносибатҳои иҷтимоиро бо таҳлилу муқоиса дар марҳилаҳои гуногуни инкишофи давлатдории тоҷикон ба қалам дода, инсофу ахлоқро ифогари сатҳи маънавӣ, нишондиҳандаи сулҳу суботи ҷомеа, тарзи ҳаёту эътиқоди мардум маънидод кардааст. Ба андешаи Эмомалӣ Раҳмон ҷавҳари ахлоқи нек бояд дар дину шариат, рӯзгори ҳаррӯза, оила, ҳаёти иҷтимоӣ ва шахсӣ, инчунин дар амонатдорӣ, росткорию ростқавлӣ, муҳаббату эҳтиром, масъулиятшиносӣ, некӯкорию вафодорӣ риоя шавад. Тавре дар мақола таъкид гардидааст, бузургтарин мавзӯъ, ки дар таълимоти ахлоқии Имоми Аъзам мақоми барҷаста дорад, мавзӯи адлу инсоф аст ва ин падида дар Қуръони азимушшаън ва таълимоти дигар паёмбарони ислом ба таври возеҳу равшан мавқеият дорад. Вобаста ба риояи адлу инсоф дар ҷомеаи навини Тоҷикистон Сарвари Давлат аз авҷи фиребу найранги савдогарон,гаронфурушӣ ва дуруғгӯӣ изҳори нигаронӣ карда, таҷрибаи тоҷирии Абӯҳанифаро, ки ҳар колоро мувофиқи арзишаш нархгузорӣ мекард, намунаи беҳтарину омӯзанда медонад. Дар Қуръони карим ҳоли мардуме, ки дар тарозуву паймона кам мекунанд, табоҳ эълон шудааст, омадааст дар мақола. Президенти ҶТ Эмомалӣ Раҳмон бо ёдоварӣ аз табдирҳои ҲҶТ ҷиҳати таҳкими фазои озоди сармоягузорию соҳибкорӣ, риояи ҳуқуқу озодиҳои инсон, фаъолияти озоди ҳизбу ҳаракатҳои сиёсию иҷтимоӣ, рушди таълиму тарбия ва танзими расму оинҳои мардумӣ таъкид кардааст, ки ҳадафи таҷлили Соли бузургдошти Имоми Аъзам аз як ҷониб эҳтирому арҷгузорӣ ба таърихи бою пурғановат бошад, аз тарафи дигар тарғиби таълимоти ахлоқии ин нобиғаи миллат ба дарку омӯзиши арзишҳои ахлоқӣ дар ҷомеаи имрӯза, болоравии сатҳи маънавиёт, адлу инсоф ва ҳамдигарфаҳмию таҳаммулпазирӣ мебошад.Мақола барои доираи васеи хонандагон пешбинӣ шуда, маводи ҷолибу пурмуҳтавост.








КОНСТИТУТСИЯ — БАХТНОМАИ МИЛЛАТ ВА ПОЯИ УСТУВОРИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат чорабинии сиёсиву фарҳангӣ баргузор гардид
Дар қисми низомии қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ доир гардид
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ вориди шаҳри Тошканд гардиданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид






