«МАРКАЗҲОИ БЎҲРОНӢ: ВОҚЕИЯТ ВА ПЕШОМАДҲО

Июль 9, 2009 13:24

                      Душанбе, 9 июл. (АМИТ «Ховар», Фарангис Рахимова). — Имрӯз дар Душанбе бо дастгирии Барномаи гендерии Институти «Ҷамъияти Кушода» — Бунёди Мадад дар Тоҷикистон якҷоя бо Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати ҶТ дар мавзўи «Марказҳои бўҳронӣ: воқеият ва пешомадҳо» мизи мудаввар баргузор мегардад.                      Мизи мудаввар дар чаҳорчўбаи лоиҳаи «Дастгирӣ ва рушди марказҳои бўҳронӣ», ки яке аз вазифаҳои он таҳлил ва ҷамъоварии маълумотҳо дар бораи фаъолияти марказҳои бўҳронии ҶТ ва таҳияи барномаи электронӣ — базаи маълумотҳо дар бораи марказҳои бўҳронии амалкунандаи мамлакат мебошад, гузаронда мешавад. Ҳоло дар бораи 35 Иттиҳодияи ҷамъиятие, ки бо мақсади дастгирии қурбониёни зўроварӣ фаъолият мекунанд, маълумот гирд оварда шудааст.                      Тавре ба АМИТ «Ховар» аз ин ташкилоти хориҷӣ хабар доданд, мақсади мизи мудаввар — таҳлил ва муайян кардани иқдомҳои минбаъда баҳри дастгирӣ ва рушди Марказҳои бўҳронӣ бо мақсади мусоидат ба фаъолияти самарабахши марказҳои бўҳронӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва сохторҳои давлатии ҶТ.                      Айнан ҳамин гуна масъалаҳо зимни мизи мудаввар дар Хуҷанд 14 июл дар ҳамкорӣ бо Маркази бонувони Хуҷанд «Гулрухсор» муҳокима карда мешаванд.                     Дар муддати 5 сол ба марказҳои бӯҳронӣ 17 676 нафар муроҷиат намуданд, ки аз ин шумора зиёда аз 77, 2 %-ро занон ташкил медиҳанд. Дар 5 соли охир шумораи МБ зиёд гардида, муроҷиати занон ба ин марказҳо низ афзудааст. Ҳоло миқдори худкушиҳо чӣ дар байни занон ва чӣ дар байни мардон зиёд гардид. Аз ин рў фаъолияти чунин марказҳои бӯҳронӣ саривақтӣ ва мубрам ба шумор мераванд.

Июль 9, 2009 13:24

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!