МУҲОКИМАИ МАСЪАЛАҲОИ ПЕШГЎӢ ВА ПЕШГИРИИ ОҚИБАТҲОИ ЗИЛЗИЛА
Душанбе, 9 июл. (АМИТ «Ховар», Олег Соболев).- Имрӯз дар шаҳри Душанбе ба муносибати 60 -солагии зилзилаи Ҳоит бахшида ба масъалаҳои имконияти пешгӯии зилзила ва кам кардани оқибатҳои фоҷиабори он конфронс баргузор гардид. Дар он намояндагони ҳукуматҳо ва муассисаҳои илмии мамлакатҳои Осиёи Марказӣ ширкат варзиданд. Конфронс бо ташаббуси Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва намояндагии муассисаи байналхалқии кам кардани хавфи фалокатҳои табии СММ гузаронида шуд. Дар конфронс проблемаҳои асосии соҳаи таҳқиқ ва омӯзиши зилзила, кам кардани зарари он дар минтақаи Осиёи Марказӣ ва пешниҳодҳои мушаххас дар бобати пешгирии қурбониҳои зиёд бар асари зилзила, инчунин ҳамкории мамлакатҳои минтақа дар ҳалли ин проблемаҳо муҳокима карда шуданд.








Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид






