МУҲОКИМАИ ПРОБЛЕМАҲОИ ПАРТОВҲОИ РАДИОАКТИВИИ ОСИЁИ МАРКАЗӢ ДАР ЖЕНЕВА
Душанбе, 1 июл. (АМИТ «Ховар», Фарангис Раҳимова).- 29 июн дар Женева дар мавзӯи «Партовгоҳҳои урандор дар Осиёи Марказӣ- проблемаҳои маҳаллӣ, оқибатҳои минтақавӣ ва ҳаллӣ умумибашарии онҳо» конфронси байналхалқӣ баргузор гардид. Конфронс мувофиқи пешниҳоди ҳукумати Қирғизистон бо дастгирии Барномаи рушди СММ гузаронида шуд. Дар он проблемаи безарар гардондани партовгоҳҳои моддаҳои урандор дар Осиёи Марказӣ муҳокима шуданд. Баъди барҳам хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ ва дар мамлакатҳои Осиёи Марказӣ қатъ гардидани истихроҷи уран бисёр партовгоҳҳои моддаҳои урандор ба ҳоли худ гузошта шуданд. Онҳо имрӯз ба ҳаёти сокинони маҳаллӣ хавфи ҷиддӣ ба миён овардаанд. Имрӯз дар ҳудуди мамлакатҳои Осиёи Марказӣ бештар аз 800 миллион тонна партовҳои уран нигоҳ дошта мешаванд. Иштирокчиёни конфронс роҳу усулҳои безарар гардондани ин партовгоҳҳоро муайян намуданд.








Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид






