МУЛОҚОТ ДАР ҲУЗУРИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Июль 7, 2009 11:24

                    Президенти Ҷумурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Директори иҷроия ва Роҳбари Хазинаи ҷаҳонии экологӣ Моника Барбутро ба ҳузур пазируфт.                    Дар мулоқот масоили ҳамкории Тоҷикистон бо ин созмони бонуфузи ҷаҳонӣ баррасӣ шуд.                    Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба мақому мартаба ва натиҷаҳои фаъолияти хазина баҳои баланд дода, изҳор намуд: «Тоҷикистон баҳри беҳсозии вазъи экологии кишвар ва минтақаи Осиёи Марказӣ ба рушди ҳамкорӣ бо Хазинаи ҷаҳонии экологӣ манфиатдор аст».                    Аз сатҳ ва мазмуни ҳамкорӣ бо Хазинаи ҷаҳонии экологӣ, ки ҳанўз солҳои аввали ба истиқлолияти давлатӣ расидани Тоҷикистон оғоз гардида буд, изҳори қаноатмандӣ карда шуд.                    Ҳамзамон бо ин таъкид гардид, ки то ҳол ҳамкорӣ асосан дар сатҳи таҳия ва қабули санадҳои меъёрию ҳуқуқии ҳифзи муҳити зист ва ҳамгироӣ бо созмонҳои байналмилалӣ сурат мегирад ва имрўз вақти гузаштан ба таҳия ва татбиқи барномаҳои мушаххас баҳри беҳсозии вазъи экологии Тоҷикистон ва минтақаи Осиёи Марказӣ фаро расидааст.                     Мусоидат ба ҳифзи пиряхҳои бузург аз обшавии аз меъёр зиёд, нигоҳдории ҷангалҳо ва васеъ намудани майдони онҳо, наҷоти минтақаи атрофи баҳри Арал аз пахншавии биёбонҳои намакӣ ва безараргардонии партовҳои радиоактивӣ аз ҷумлаи самтҳои асосии рушди минбаъдаи ҳамкорӣ маънидод гардид.                   Ҳарду ҷониб омодагии худро баҳри таҳкиму густариши минбаъдаи хамкорӣ таъкид намуданд.                    Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.  

Июль 7, 2009 11:24

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ ҷашни Ваҳдати миллиро бо намоиши ҳунарҳои мардумӣ ва дастовардҳои солҳои соҳибистиқлолӣ ҷашн гирифтанд
«САОДАТИ МИЛЛАТ ДАР ВАҲДАТ АСТ». Дар Китобхонаи миллӣ таҳти ин унвон ҳамоиш баргузор шуд
Иштирокчиёни экспедитсияи «Саёҳат ба қалби Авруосиё-2025» пойгоҳи кайҳонавардии Байконурро тамошо карданд
Ба ифтихори Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар Кумитаи ҳифзи муҳити зист ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 41 дараҷа гарм мешавад
Дар ҳошияи Соли фарҳанги китобхонӣ маҷмӯаи «Нома ба насли оянда» аз чоп баромад
Таҳти унвони «Забон, Ваҳдат ва суботи миллӣ» конференсияи илмию амалии ҷумҳуриявӣ доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар Саридораи геология ҳамоиш баргузор гардид
Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ конфронси илмӣ-назариявӣ доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ китоби «Ваҳдатсаро» ба нашр расид
Кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ ҳаёти 16 нафарро ҳангоми ғарқшавӣ аз марг наҷот доданд
Дар Душанбе сеюмин Форуми Тоҷикистон ва Чин оид ба таҳсилоти муҳандисӣ-техникӣ доир шуд