МУЛОҚОТ ДАР ҲУЗУРИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Президенти Ҷумурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Директори иҷроия ва Роҳбари Хазинаи ҷаҳонии экологӣ Моника Барбутро ба ҳузур пазируфт. Дар мулоқот масоили ҳамкории Тоҷикистон бо ин созмони бонуфузи ҷаҳонӣ баррасӣ шуд. Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба мақому мартаба ва натиҷаҳои фаъолияти хазина баҳои баланд дода, изҳор намуд: «Тоҷикистон баҳри беҳсозии вазъи экологии кишвар ва минтақаи Осиёи Марказӣ ба рушди ҳамкорӣ бо Хазинаи ҷаҳонии экологӣ манфиатдор аст». Аз сатҳ ва мазмуни ҳамкорӣ бо Хазинаи ҷаҳонии экологӣ, ки ҳанўз солҳои аввали ба истиқлолияти давлатӣ расидани Тоҷикистон оғоз гардида буд, изҳори қаноатмандӣ карда шуд. Ҳамзамон бо ин таъкид гардид, ки то ҳол ҳамкорӣ асосан дар сатҳи таҳия ва қабули санадҳои меъёрию ҳуқуқии ҳифзи муҳити зист ва ҳамгироӣ бо созмонҳои байналмилалӣ сурат мегирад ва имрўз вақти гузаштан ба таҳия ва татбиқи барномаҳои мушаххас баҳри беҳсозии вазъи экологии Тоҷикистон ва минтақаи Осиёи Марказӣ фаро расидааст. Мусоидат ба ҳифзи пиряхҳои бузург аз обшавии аз меъёр зиёд, нигоҳдории ҷангалҳо ва васеъ намудани майдони онҳо, наҷоти минтақаи атрофи баҳри Арал аз пахншавии биёбонҳои намакӣ ва безараргардонии партовҳои радиоактивӣ аз ҷумлаи самтҳои асосии рушди минбаъдаи ҳамкорӣ маънидод гардид. Ҳарду ҷониб омодагии худро баҳри таҳкиму густариши минбаъдаи хамкорӣ таъкид намуданд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.








Муассисаҳои таълимӣ ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид






