МУЛОҚОТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БО ҲОМИД КАРЗАЙ

Июль 30, 2009 10:04

                  Бегоҳии рӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Ҳомид Карзай дар маросими оғози сохтмони бинои нави сафорати Ҷумҳурии Исломии Афғонистон дар шаҳри Душанбе иштирок ва суханронӣ намуданд.                  Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Ҳомид Карзай санги асос ва нома ба наслҳои оянадаро дар ҷойи бунёди бинои асосии сафоратхона гузошта, ба сохтмони он оғози расмӣ бахшиданд.                  Зимни суханрониҳои табрикӣ, аз ҷумла зикр гардид, ки дар ин ҷо дар майдони 1 гектар замин биноҳои маъмурии сафорат ва манзилҳои истиқоматии кормандони он бунёд хоҳанд ёфт.                  Сарони ду давлат бунёди бинои нави сафоратро ба кулли шаҳрвандони Тоҷикистону Афғонистон ва қабл аз ҳама, онҳое, ки миёни ду кишвар равуою ҳамкорӣ доранд, табрику таҳният гуфтанд.                   Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.  

Июль 30, 2009 10:04

Хабарҳои дигари ин бахш

6 феврал дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
5 феврал дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад