МУЛОҚОТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БО ҲОМИД КАРЗАЙ
Бегоҳии рӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Ҳомид Карзай дар маросими оғози сохтмони бинои нави сафорати Ҷумҳурии Исломии Афғонистон дар шаҳри Душанбе иштирок ва суханронӣ намуданд. Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Ҳомид Карзай санги асос ва нома ба наслҳои оянадаро дар ҷойи бунёди бинои асосии сафоратхона гузошта, ба сохтмони он оғози расмӣ бахшиданд. Зимни суханрониҳои табрикӣ, аз ҷумла зикр гардид, ки дар ин ҷо дар майдони 1 гектар замин биноҳои маъмурии сафорат ва манзилҳои истиқоматии кормандони он бунёд хоҳанд ёфт. Сарони ду давлат бунёди бинои нави сафоратро ба кулли шаҳрвандони Тоҷикистону Афғонистон ва қабл аз ҳама, онҳое, ки миёни ду кишвар равуою ҳамкорӣ доранд, табрику таҳният гуфтанд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.








Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳиму сарнавиштсоз барои миллати тоҷик аст
Конститутсия самтҳои асосии сиёсати хориҷии Тоҷикистонро муқаррар кардааст
Дар шаҳри Бохтар ба муносибати 32-солагии қабули Конститутсия ҳамоиш доир гардид
Дар ҷамоатҳои деҳоти Ясману Ҳоити ноҳияи Рашт ба ифтихори Рӯзи Конститутсия ҳамоиши идона доир гардид
Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар Хуҷанд бошукуҳ таҷлил намуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми байналмилалии Арбитраж дар Чин иштирок намуд
«КОНСТИТУТСИЯ–САРОҒОЗИ НИЗОМИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ». Таҳти чунин унвон ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ–адабӣ гузаронида шуд






