МУЛОҚОТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БО РОБЕРТ БЛЕЙК

Июль 7, 2009 11:16

                         Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Ёвари котиби давлатии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико оид ба кишвархои Осиёи Ҷанубӣ ва Марказӣ Роберт Блейкро ба ҳузур пазируфт.                         Дар мулоқот маҷмўи масоили вобаста ба хамкории Тоҷикистону Амрико баррасӣ шуд.                        Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз сатњи ҳамкориҳои ду кишвар, қабл аз ҳама ҳамкориҳои сиёсӣ ва амниятӣ изҳориӣ карда, таъкид дошт: «Тоҷикистон ба рушди пайвастаи муносибатҳо бо Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар ҳамаи самтҳои барои ҳарду ҷониб судбахш манфиатдор аст».                       Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод намуд, ки минбаъд дар ҳамкориҳои Тоҷикистону Амрико афзалият бештар ба рушди ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратӣ дода шавад, аз ҷумла бо назардошти имкону захираҳои минтақавӣ бо фарогирии Афғонистону Покистон.                       Роберт Блейк ба Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои муносиботи хуби шарикӣ бо Амрико, аз ҷумла дар мубориза бо терроризму экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва ҳамчунин дар мусоидат ба барқарорсозии амнияту субот дар Афғонистон арзи сипос намуда, таъкид дошт, ки Амрико ҳам ба таҳкиму густариши минбаъдаи ҳамкорӣ бо Тоҷикистон манфиатдор аст.                        Таваҷҷўхи асосӣ ба рушди ҳамкории иқтисодӣ дар соҳаҳои энергетика ва коммуникатсия, ки аҳамияти калони минтақавӣ дорад, зоҳир карда шуд.                       Дар робита ба Афғонистон ва барқарорсозии иқтисодиёти он аз ҷумла таъкид гардид, ки мусоидат ба рушди иҷтимоию иқтисодии Афғонистон ва муҳайё намудани ҷойхои корӣ барои аҳолии деҳоташ ба хотири аз кишти растаниҳои нашадор дур намудани онҳо аз самтҳои асосии кори кишварҳо ва созмонҳои мададрасон бояд бошад.                      Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.  

Июль 7, 2009 11:16

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Восеъ оид ба истифодаи сарфакоронаи неруи барқ ҳамоишҳои маърифатӣ доир карда мешаванд
Дар Коллеҷи тиббии шаҳри Хуҷанд бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ-сиёсӣ баргузор шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Барои кормандони озмоишгоҳҳои Тоҷикистон оид ба ташхиси барвақтии зукоми паранда даври омӯзишӣ гузаронида шуд
Тоҷикистон дар бандари «Чобаҳор»-и Эрон маркази логистикӣ таъсис медиҳад
Дар Донишкадаи байналмилалии Левакант Олимпиадаи V ҷумҳуриявии донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ҷамъбаст гардид
Чанган дар Тоҷикистон — оянда аллакай фаро расид!
Гармии баланди ҳаво ба саломатии инсон чӣ гуна таъсир мерасонад?
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 33 дараҷа гарм мешавад
Дар фаъолияти дидбонгоҳҳои гумрукии наздисарҳадӣ модули «Декларатсияи мусофирон» фаъол карда шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво аз 32 то 42 дараҷа гарм мешавад