МУЛОҚОТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БО РОБЕРТ БЛЕЙК
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Ёвари котиби давлатии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико оид ба кишвархои Осиёи Ҷанубӣ ва Марказӣ Роберт Блейкро ба ҳузур пазируфт. Дар мулоқот маҷмўи масоили вобаста ба хамкории Тоҷикистону Амрико баррасӣ шуд. Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз сатњи ҳамкориҳои ду кишвар, қабл аз ҳама ҳамкориҳои сиёсӣ ва амниятӣ изҳориӣ карда, таъкид дошт: «Тоҷикистон ба рушди пайвастаи муносибатҳо бо Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар ҳамаи самтҳои барои ҳарду ҷониб судбахш манфиатдор аст». Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод намуд, ки минбаъд дар ҳамкориҳои Тоҷикистону Амрико афзалият бештар ба рушди ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратӣ дода шавад, аз ҷумла бо назардошти имкону захираҳои минтақавӣ бо фарогирии Афғонистону Покистон. Роберт Блейк ба Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои муносиботи хуби шарикӣ бо Амрико, аз ҷумла дар мубориза бо терроризму экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва ҳамчунин дар мусоидат ба барқарорсозии амнияту субот дар Афғонистон арзи сипос намуда, таъкид дошт, ки Амрико ҳам ба таҳкиму густариши минбаъдаи ҳамкорӣ бо Тоҷикистон манфиатдор аст. Таваҷҷўхи асосӣ ба рушди ҳамкории иқтисодӣ дар соҳаҳои энергетика ва коммуникатсия, ки аҳамияти калони минтақавӣ дорад, зоҳир карда шуд. Дар робита ба Афғонистон ва барқарорсозии иқтисодиёти он аз ҷумла таъкид гардид, ки мусоидат ба рушди иҷтимоию иқтисодии Афғонистон ва муҳайё намудани ҷойхои корӣ барои аҳолии деҳоташ ба хотири аз кишти растаниҳои нашадор дур намудани онҳо аз самтҳои асосии кори кишварҳо ва созмонҳои мададрасон бояд бошад. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид






