МУНШИИ УМУМИИ НАТО БА ШИФОХОНА ФИРИСТОДА ШУД

Июль 22, 2009 09:48

                    Брюссел, 22 июл. (АМИТ «Ховар» — РИА «Новости»). — Муншии умумии НАТО Яаап де Хооп Схеффер рӯзи сешанбе бо сабаби бад шудани аҳволи саломатиаш дар Брюссел ба шифохона фиристода шуд. Духтурон муқаррар намуданд, ки раги хунгарди вариди ӯ маҳкам шудааст, бо ҳамин сабаб ӯро ҷарроҳӣ карданд. Бемор айни ҳол дар шӯъбаи бемориҳои вазнин нигоҳ дошта мешавад.                    Хабар дода мешавад, ки муншии умумии НАТО рӯзи сешанбе дар чорбоғи марказии шаҳри Брюссел дар маросими ифтитоҳи деҳкадаи НАТО иштирок дошт. Ҳамон рӯз ҳаво ниҳоят гарм буд. Дар қарибии фарҷоми ҷамъомад Я.Х.Схеффер дар худ хастагӣ ҳис намуда, ба харак нишаст. Баъди чанд лаҳза вазъи саломатии ӯ бад шуд ва мошини ёрии таъҷилии тиббӣ беморро ба шифохона бурд.                     Схеффер охири моҳи июл курсии муншии умумии НАТО — ро тарк менамояд. Вай соли 1948 дар Амстердам таваллуд шудааст. Баъди хатми донишгоҳи Лейден аз соли 1976 дар сафоратхонаи Нидерландия дар Гана, аз соли 1980 то соли 1986 котиби вазири корҳои хориҷии Нидерландия, аз соли 1986 то соли 2002 вакили парлумони Нидерландия, аз соли 2002 вазири корҳои хориҷии Нидерландия ва аз соли 2003 раиси Созмони амнияту ҳамкории Аврупо шуда кор кардааст. Охири соли 2003 муншии умумии НАТО интихоб шуд. Ба туфайли ҷидду ҷаҳди ӯ шумораи мамлакатҳои аъзои НАТО аз 19 то 26 мамлакат зиёд шуд. Моҳи апрели соли равон дар интихоботи муншии ояндаи умумии НАТО сарвазири Дания Андерс Фог Расмусен ғалаба ба даст овард. Ӯ 3 август ба иҷрои вазифаҳояш шурӯъ менамояд.  

Июль 22, 2009 09:48

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад