МУРОҶИАТИ ПЕШНИҲОДИ СУДЯИ СУДИ НОҲИЯИ ШОҲМАНСУР БА СУДИ КОНСТИТУТСИОНИИ &#1

Июль 1, 2009 14:48

                  Душанбе, 1 июл. (АМИТ «Ховар», Анварбек Сиддиқов).- 1июл, таҳти раисии раиси Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳкам Маҳмудов, парванда аз рӯи пешниҳоди судяи Суди ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе Шӯҳрат Шодиев мавриди баррасӣ қарор гирифт. Номбурда дар бораи муайян намудани мувофиқати моддаи 17-и Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қисми 2 моддаи 17 ва қисми 2 моддаи 33 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон талош варзид. Инчунин дар кори он намояндагони ваколатдори Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ, намояндаи Президенти кишвар дар Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Суди Олӣ ва Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мутахассисону коршиносони дигар вазорату идораҳои ҷумҳурӣ ва намояндагони созмонҳои ҷамъиятӣ иштирок намуданд.                  Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаи мавриди баҳс қарордодаи Шӯҳрат Шодиевро ҳаматарафа баррасӣ намуда, қайд менамояд, ки сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба оила ба принсипи ихтиёрӣ будани ақди никоҳи марду зан асос ёфта, он ба таҳкими бунёди муносибатҳои оилавӣ дар заминаи муҳаббату эҳтироми якдигар, афзалияти тарбияи кӯдакон ва таъмини бештари ҳуқуқу манфиатҳои аъзои ноболиғи оила равона карда шудааст.                   Аз ин рӯ, моддаи 17-и Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки он ҳангоми ҳомиладории зан ва дар давоми якуним сол пас аз таваллуди кӯдак бе розигии зан ба суд оид ба бекор кардани ақди никоҳ даъво пешниҳод намудани шавҳарро манъ менамояд. Бо назардошти афзалияти тарбияи кӯдакон, иштироки якҷояи падару модар дар раванди тарбия, дастгирии моддию рӯҳии модар дар давраи ҳомиладорӣ ва баъди он, ғамхорӣ нисбати модару кӯдак ва рушду камоли онҳо қабулгардида, ба қисми 2 моддаи 17 ва қисми 2 моддаи 33 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат надорад ва баробарҳуқуқии конститутсионии марду занро поймол намекунад.  

Июль 1, 2009 14:48

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд
«ҲАР ОН КАС, КИ «ШОҲНОМА»-ХОНӢ КУНАД…». Дар Осорхонаи миллӣ маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
Ҳамёни рақамӣ дар «МегаФон Life» боз ҳам мувофиқтар шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борони бошиддат меборад