НИГАРОНИИ ПРОКУРОРИ ГЕНЕРАЛӢ АЗ ПАРЛУМОН
Душанбе, 15 июл. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).-Прокурори генералӣ Бобоҷон Бобохонов тағйиру иловаҳои ба қонун «Дар бораи мақомоти прокуратура» ворид намудаи палатаи поёнии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олиро дар нишасти матбуотӣ ғайриқонунӣ ва зидди конститутсионӣ хонд. Боиси ёдоварист, ки 30-юми апрели соли ҷорӣ дар ҷаласаи Маҷлиси намояндагон, вакилони мардумӣ бе муҳокима миёни идораю вазоратҳо ба қонун «Дар бораи прокуратура» тағйиру иловаҳо ворид намуданд. Тибқи тағйиру иловаҳо минбаъд Агентии назорати молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ҳуқуқ дорад, нисбати кормандони прокуратураи ҷумҳурӣ вобаста ба ҷиноятҳои характери коррупсионӣ дошта парвандаи ҷиноӣ оғоз намояд. Ёдовар мешавем, ки то тағйиру иловаҳо ба қонун «Дар бораи прокуратура» чунин ҳуқуқро танҳо прокурори генералӣ дошт. Ба андешаи депутатҳо, қабули тағйиру иловаҳо барои пешгирии фасод дар байни кормандони прокуратура, нақши муҳим мебозад.








6 феврал дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд






