НИГАРОНИИ ПРОКУРОРИ ГЕНЕРАЛӢ АЗ ПАРЛУМОН

Июль 15, 2009 11:23

               Душанбе, 15 июл. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).-Прокурори генералӣ Бобоҷон Бобохонов тағйиру иловаҳои ба қонун «Дар бораи мақомоти прокуратура» ворид намудаи палатаи поёнии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олиро дар нишасти матбуотӣ ғайриқонунӣ ва зидди конститутсионӣ хонд.                Боиси ёдоварист, ки 30-юми апрели соли ҷорӣ дар ҷаласаи Маҷлиси намояндагон, вакилони мардумӣ бе муҳокима миёни идораю вазоратҳо ба қонун «Дар бораи прокуратура» тағйиру иловаҳо ворид намуданд. Тибқи тағйиру иловаҳо минбаъд Агентии назорати молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ҳуқуқ дорад, нисбати кормандони прокуратураи ҷумҳурӣ вобаста ба ҷиноятҳои характери коррупсионӣ дошта парвандаи ҷиноӣ оғоз намояд.                 Ёдовар мешавем, ки то тағйиру иловаҳо ба қонун «Дар бораи прокуратура» чунин ҳуқуқро танҳо прокурори генералӣ дошт.                Ба андешаи депутатҳо, қабули тағйиру иловаҳо барои пешгирии фасод дар байни кормандони прокуратура, нақши муҳим мебозад.

Июль 15, 2009 11:23

Хабарҳои дигари ин бахш

Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳиму сарнавиштсоз барои миллати тоҷик аст
Конститутсия самтҳои асосии сиёсати хориҷии Тоҷикистонро муқаррар кардааст
Дар шаҳри Бохтар ба муносибати 32-солагии қабули Конститутсия ҳамоиш доир гардид