НИШАСТИ МАТБУОТӢ ДАР ҲУЗУРИ РАИСИ НОҲИЯИ РӮДАКӢ
Душанбе, 21 июл. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Рӯзи 20 -уми июли соли ҷорӣ раиси ноҳияи Рӯдакӣ Мансур Қодиров барои хабарнигорони дохилӣ аз натиҷаи фаъолияти нимсолаи якуми соҳаҳои хоҷагию давлатии ноҳия нишасти матбуотӣ доир намуд. Дар ибтидо раиси ноҳия хабарнигоронро аз бурду бохти соҳаҳои хоҷагию саноатии ноҳия ошно намуд. Мансур Қодиров дар баромади худ иброз дошт, ки истеҳсоли маҳсулоти дохилӣ ба 1-уми июли соли 2009 ба 67, 5 млн. сомонӣ расонида шудааст. Нақшаи қисми даромади буҷети маҳаллӣ 15 млн. 966 ҳазор сомонӣ тасдиқ шуда 16 млн. 731 ҳазор сомонӣ ё 104 ,8 фоиз иҷро гардид. Воридоти маблағ ба буҷети маҳаллӣ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 4 млн. 708 ҳазор сомонӣ зиёд аст. Дар ин давра қисми хароҷоти буҷети ноҳия 17 млн. 405 млн. сомонӣ пешбинӣ шуда, ба андозаи 16 млн. 725 ҳазор сомонӣ ё ин ки 96 фоиз иҷро гардидааст. Даромади иловагии буҷети ноҳия ба 1-уми июли соли ҷорӣ 704,4 ҳазор сомониро ташкил дод, ки 50 фоизи он ба соҳаи маориф, 5,2 фоиз ба соҳаи тандурустӣ ва 38 фоизи он ба сектори ҳокимияти давлатӣ равона карда шудааст,- афзуд раис дар баромади худ.








Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид






