ОЛИМЕРО ТАРБИЯТ КАРДАН КОРИ ЯК САДСОЛА АСТ
Душанбе, 21 июл. (АМИТ «Ховар», Ибодат Давлатова). — Дар даврони истиқлолият зиёда 200 нафар олимони тоҷик рисолаи номзадӣ ва зиёда аз 60 нафар рисолаи докториро ҳимоя намуданд. Боиси хушбахтист, ки ба ташаббуси Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон зиёда аз 70 нафар олимони мо ба мукофотҳои давлатӣ ва унвонҳои ифтихорӣ сарфароз гардонида шудаанд. Яке аз ин олимони ҷавон Қиёмиддин Миралиев мебошад. Қиёмиддин Миралиев ба ҳайси мудири шӯъбаи сиёсати иҷтимоии Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият менамояд. Ӯ дар тӯли фаъолияти кориаш зиёда аз 13 корҳои илмӣ -методиро анҷом додааст. Ҳамасола бо ташаббуси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади дастгирӣ ва ҳавасмандгардонии олимони ҷавон, озмуни ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ гузаронида мешавад. Соли равон аз тарафи 18 нафар довталабон дар ҳайати гурӯҳи муаллифон ва шахсони алоҳида 17 кори илмӣ ба озмун пешниҳод гардид. Бо қарори Ҳакамон санаи 16 июли соли 2009 Қиёмиддин Миралиев ба Мукофоти давлатии Исмоили Сомонӣ сарфароз гардид. Қиёмиддин Миралиев дар баробари олим ва сиёсатмадори варзида буданаш дар тарбияи мутахассисони ҷавони Кумита саҳми арзанда дорад.








Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






