ОМИЛИ СОДДАГАРДОНИИ БАҚАЙДГИРӢ
Душанбе, 1 июл. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Аз хадамоти матбуоти Кумитаи андози назди Ҳукумати ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, ки аз 1-уми июли соли 2009 бо мақсади амалӣ намудани муқаррароти қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ» аз 19-уми майи соли 2009 дар мақомоти андози шаҳру ноҳияҳои мамлакат, шӯъба ва бахшҳои бақайдгирӣ ба фаъолият оғоз намуданд. Мақсад аз ин муқаррароти қонун, дастгирии давлатии рушди соҳибкории ватанӣ ва ҷалби сармоягузорӣ мебошад. Тибқи қонуни мазкур, раванди бақайдгирии андозсупорандагон хеле оддӣ гардида, дар ҷараёни 5 рӯз шахсони ҳуқуқӣ ва дар ҷараёни 3 рӯз соҳибкорони инфиродӣ дар Феҳрасти ягонаи давлатӣ ба қайд гирифта мешаванд. Кумитаи андоз дар муддати се рӯз пас аз анҷом додани бақайдгирии давлатӣ маълумоти ба Феҳрасти ягонаи давлатӣ воридшударо ба мақомоти давлатии омор ва мақомоти суғуртаи иҷтимоии давлатӣ дар шакли электронӣ фиристода, дастрасии гирифтани маълумотро барои мақомотӣ суғуртаи иҷтимоии давлатӣ таъмин менамояд. Дар баробари ин , теъдоди ҳуҷҷатҳои зарурӣ барои мақсадҳои бақайдгирии давлатӣ тақрибан аз 30 адад барои шахсони ҳуқуқӣ то 7 адад, мӯҳлати бақайдгирӣ аз 49 рӯз то 5 рӯз (барои шахсони ҳуқӯқӣ) ва 3 рӯз (барои соҳибкорони инфиродӣ) кам карда шуд.Ҳамин тартиб нисбати филиалҳо ва намояндагиҳои азнавтаъсисёфта ва ё барҳамдодашудаи шахсони ҳуқуқии ватанӣ низ амалӣ мегардад. Аз филиалҳо ва намояндагиҳои шахсони ҳуқуқии ватанӣ низомнома талаб карда намешавад. Маркази бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ дар шаҳри Душанбе кӯчаи М.Турсунзода 8/1 ҷойгир шуда, шӯъбаҳои он дар шаҳрҳои Хуҷанд, Қӯрғонтеппа ва дар ВМКБ бошад, дар Раёсати вилоят воқеъ гардидааст. Бахшҳои алоҳидаи он дар нозироти андози шаҳру навоҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳибкоронро дар мӯҳлати кӯтоҳтарин ба қайд гирифта метавонанд.








Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






