ОШЎБҲО ДАР УРУМЧӢ

Июль 6, 2009 13:50

                    Пекин, 6 июл. (АМИТ «Ховар»-РИА Новости).- Бегоҳии рӯзи якшанбеи гузашта дар маркази маъмурии Ноҳияи Мухтори Шинҷону Уйғури Ҷумҳурии Мардумии Чин бетартибиҳои оммавӣ рух доданд. Ошӯбгарон ба кӯчаҳо баромада, бо дастаҳои политсия задухӯрд карда, мағозаҳоро ғорат намуда, мошинҳои роҳгузарро оташ заданд. Дар натиҷаи ин бетартибиҳо 4 нафар ҳалок ва 20 нафар маҷрӯҳ шуд.                     Ошӯбгарон аз ҳалокати ду нафар уйғур зимни задухӯрд дар яке аз корхонаҳои бозичабарории вилояти Гуандун ба ғазаб омада, ба кӯчаҳо баромаданд.                     Ба қавли политсия, ташаббускори ин бетартибиҳо созмони ифротии «Анҷумани ҷаҳонии уйғурҳо» мебошад, ки ба он Робиаи Қодир роҳбарӣ мекунад. Р. Қодир аз соли 2005 инҷониб дар ИМА кору зиндагӣ менамояд.                     Қайд карда мешавад, ки дар Ноҳияи Мухтори Шинҷону Уйғур созмони ифротии «Туркистони шарқӣ» фаъолият дорад. Аъзои созмони мазкур барои ҷудо кардани ноҳия аз Чин ва дар он таъсис додани давлати исломӣ мубориза мебаранд.

Июль 6, 2009 13:50

Хабарҳои дигари ин бахш

ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд