ОЗМУН БАРОИ ИШҒОЛИ ВАЗИФАИ САРМЕЪМОРИ ШАҲРУ НОҲИЯҲО
Душанбе, 14 июл. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова). -Дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ фаъолияти Агентии сохтмон ва меъмории назди Ҳукумати ҶТ хеле беҳтар гардид. Чунончи, дар 6 моҳи соли ҷорӣ инвеститсияи сармояи асосӣ аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳои сармоягузорӣ 1 миллиарду 123 миллион сомониро ташкил дод, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 51 миллиону 534 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад. Дар ин бора директори Агентии сохтмон ва меъмории назди Ҳукумати ҶТ Абдувалӣ Комилов дар нишасти матбуотие, ки имрӯз дар Душанбе доир ба натиҷаҳои фаъолияти нимсолаи аввал баргузор гардид, хабар дод. Ҳамчунин, ӯ қайд намуд, ки муассисаҳои сохтмонии ҷумҳурӣ дар ин муддат ба маблағи 611 миллиону 515 ҳазор сомонӣ корро иҷро карданд. Дар моҳҳои январ-июн дар ҷумҳурӣ ба масоҳати умумии 274167 метри мураббаъ хонаҳои истиқоматӣ ба истифода дода шуданд. Дар ҳамин давра мактабҳои таҳсилоти умумӣ барои 6029 талаба ва дармонгоҳ барои 375 ҷойи қабул ба истифода дода шуд. Зикр шуд, ки айни замон 19 шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ дар асоси Нақшаҳои генералии амалкунанда кор карда истодаанд. Нақшаҳои генералии шаҳрҳои Кӯлоб, Ваҳдат, ноҳияҳои Балҷувон, Ҳисор, Дарбанд ва Шаҳринав пурра таҳия шуда, бо Қарори Ҳукумати Тоҷикистон тасдиқ шуданд. Инчунин, таҳияи Нақшаи генералии шаҳри Хуҷанд ба анҷом расонида шуда, дар мувофиқа бо вазорату идораҳои ҷумҳуриявӣ барои тасдиқ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудааст. А. Комилов афзуд, ки тибқи иҷрои моддаи 16-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти меъморӣ, шаҳрсозӣ ва сохтмонӣ» барои ба вазифа таъин намудани сармеъморони шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, дар натиҷаи озмун 24 нафар ба мансаби роҳбари муассисаҳои меъморӣ ва шаҳрсозӣ таъин карда шуд. Ҳуҷҷатҳои нафарони дигар мавриди омӯзиш қарор доранд. Директори агентӣ изҳори умед намуд, ки рӯзҳои наздик шумораи аввали «Рӯзномаи бинокорон», ҳамчун нашрияи давлатӣ аз чоп мебарояд. Ин рӯзнома аз соли 2007 ҳамчун рӯзномаи хусусӣ фаъолият дошт ва бо сабаби набудани маблағ чоп намешуд. Дар охир А. Комилов ба саволҳои сершумори хабарнигорон ҷавобҳои мушаххас дод.








ОГОҲӢ! Аз 27 то 30 июн дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани селҳои хусусияти маҳаллидошта пешгӯӣ мешавад
Дар КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» ба муносибати Рӯзи Ваҳдати миллӣ ва қабули ташаббуси нави ҷаҳонии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Дар Рашт дар мавзуи «Ваҳдати миллӣ – асоси таҳкими давлатдории тоҷикон» конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Дар Бохтар бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ ҳамоиши сиёсӣ-фарҳангӣ баргузор гардид
Дар назди Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 2-и шаҳри Норак бинои иловагӣ сохта мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Беш аз ду километр роҳи деҳаи Ниликони ноҳияи Рӯдакӣ мумфарш гардид
Дар ҷаласаи 45-уми Шурои идоракунандагони GCF масъалаҳои стратегии марбут ба татбиқи Созишномаи Париж баррасӣ мешаванд
Хизматрасонӣ 24/7: чӣ тавр оператори мобилӣ бо муштариён муошират менамояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 40 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1245 сомонӣ муқаррар шудааст






