ПЕШГИРИИ РАҚОБАТИ БЕВИҶДОНОНА ДАР БОЗОРҲОИ МОЛ
Душанбе, 30 июл. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Ба Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун мақомоти амаликунандаи сиёсати зиддиинҳисорӣ (зиддимонополӣ) аз тарафи як қатор соҳибкорон ва истеҳсолкунандагони ватанӣ аризаи шикоятӣ оид ба вуҷуд доштани рақобати бевиҷдонона дар бозори молии истеҳсол ва фурӯши қоғази ташноб ворид гардид. Дар натиҷаи санҷиши масъулини Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ маълум гашт, ки дар шаҳри Душанбе зиёда аз 7 сехи истеҳсоли қоғази ташноб фаъолият намуда, дар баробари ин берун аз ҷумҳурӣ чунин маҳсулот низ ворид мегардад. Дар рафти санҷиш муқаррар карда шуд, ки шароити истеҳсоли қоғазҳои ташноб дар ҳама сехҳои санҷидашуда ғайриқаноатбахш буда, ба талаботи қоидаю меъёрҳои санитарӣ ва шароити дурусти техникии истеҳсоли қоғази ташноб ҷавобгӯ намебошад. Инчунин, дар сехи истеҳсолӣ, воқеъ дар кӯчаи Зебунисо 32 ҶДММ «Ваҳдат», соҳибкор Сафоев Ш. ошкор карда шуд, ки дар борҷомаи маҳсулоти тайёршуда ба ҷои суроғаи истеҳсолкунанда суроғаи шаҳри Пенза, кӯчаи Индустриалная 40-и Федератсияи Россия, шарти техникӣ ТУ 5463-001¬63784289-2003 нишон дода шудааст. Ин амал тибқи моддаи 7 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рақобат ва маҳдудкунии фаъолияти инҳисорӣ дар бозорҳои мол» ҳамчун рақобати бевиҷдонона манъ карда шудааст. Бо мақсади бартараф кардани қонунвайронкунии зиддиинҳисорӣ нисбат ба соҳибкорон Пирмадов Ҷ, Мирзохоҷаев Ф., Азизов Ш. ва Сафоев Ш. Таъинот дар бораи оғоз намудани истеҳсоли парванда дар хусуси вайронкунии қонунгузории зиддиинҳисорӣ аз 22 июни соли 2009 қабул гардида, бинобар сабаби иҷро кардани талаботи Таъиноти ирсолгардида ва ихтиёран бартараф кардани қонунвайронкунӣ тибқи Тартиби баррасии парванда дар хусуси вайронкунии қонунгузории зиддиинҳисории Ҷумҳурии Тоҷикистон истеҳсоли парванда қатъ карда шуд. Ҳамзамон, ба мақсади пешгирӣ ва қатъ намудани фаъолияти инҳисорӣ барои барпо намудани рақобати солим ва рушди бозори моли муайяни қоғази ташноб тибқи моддаи 13 Қонуни ҶТ «Дар бораи рақобат ва маҳдудкунии фаъолияти инҳисорӣ дар бозорҳои мол» барои роҳ надодан ба савдои ғайриқонунии коғази ташноб, ҳимояи манфиатҳои истеъмолкунандагон барои пешгирии воридоти қоғази ташноб ба Хадамоти назорати давлатии санитарию эпидемологии назди Вазорати тандурустии ҶТ, Агентии «Тоҷикстандарт» ва Хадамоти гумруки назди ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мактуб ирсол карда шуд.








Аз 1 то 3 май дар баъзе шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон ифлосшавии ҳавои атмосферӣ дар назар аст
Монографияи илмӣ оид ба журналистикаи сайёҳӣ ба нашр расид
«ТОҶИКИСТОНИ МАН!». Дар шаҳри Ҳисор маҳфил-озмун ҷамъбаст гардид
Имрӯз дар минтақаҳои доманакӯҳии ноҳияҳои тобеи Тоҷикистон сар задани сел пешгӯӣ мешавад
Сокини ноҳияи Кӯшониён аз ҳар қуттӣ кирмак то 35 килограмм пилла ба даст меорад
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон рӯзона борони кӯтоҳмуддат меборад
Дар шаҳри Бӯстон доир ба татбиқи лоиҳаҳои муштараки иҷтимоӣ бо соҳибкорон вохӯрӣ баргузор шуд
Дар даҳсолаи охир дар ҷаҳон шумораи одамони бо гуруснагии фалокатбор рӯбарӯ нуҳ маротиба афзоиш ёфтааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 29 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Озмуни ҷумҳуриявии «Ҷавонон муқобили коррупсия» баргузор мешавад






