ПИЛЛАСУПОРӢ ДАВОМ ДОРАД
Рашт,1 июл. (АМИТ «Ховар», Мирзосафар Ризвонов).-Маъракаи пилласупорӣ дар ноҳияи Рашт бомуваффақият идома дорад. Кирмакпарварон нигоҳубини 780 қуттӣ тухми кирмакро хуб ба роҳ мондаанд, алҳол беш аз 25 тонна пиллаи аълосифат истеҳсол намуда, то охири мавсим ният доранд, ки истеҳсоли ин ашёи хоми саноатиро ба 37 тонна расонанд, ки аз нақшаи муқаррарӣ 5,5 тонна зиёд аст. Дар байни кирмакпарварони ноҳия аввалин шуда машъалони соҳа, Ҳасан Мирзокаримов, Маҳбуба Абророва, Ҳоким Файзиддинов, Абдусаттор Орифов, Мирмаҳмад Одинаев аз ҷамоатҳои деҳоти Ҳиҷборак, Ҳоит, Боқӣ Раҳимзода, Навдӣ аз ҳар қуттӣ тухми кирмак 80-120 килограммӣ ҳосил ба даст оварданд-гуфт зимни сӯҳбат сардори идораи пиллаи ноҳия Илҳомуддин Сироҷов.








Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд
«ҲАР ОН КАС, КИ «ШОҲНОМА»-ХОНӢ КУНАД…». Дар Осорхонаи миллӣ маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
Ҳамёни рақамӣ дар «МегаФон Life» боз ҳам мувофиқтар шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борони бошиддат меборад






