«РУШДИ ИҚТИСОДИЁТИ АФҒОНИСТОН» ДАР ДУШАНБЕ

Июль 31, 2009 16:47

                   Душанбе, 31 июл.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Беш аз 60 ширкати хусусии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон дар нахустин намоишгоҳи байналмилалии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон дар Душанбе ширкат менамоянд. Намоишгоҳ таҳти унвони « Рушди иқтисодиёти Афғонистон» рӯзҳои 4-6 август дар «Кохи Борбад» ташкил карда мешавад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» атташеи иқтисодии Сафорати Афғонистон дар Душанбе Наҷибулло Раҳимӣ иттилоъ дод.                   Намоишгоҳ дар доираи тақвияти ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратии ду кишвари ҳамзабмон бо иқдоми Палатаҳои савдою саноати Тоҷикистону Афғонистон созмон дода мешавад. Ҳадафи он таҳкими ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратӣ, ҷалби сармоягузорони Афғонистон дар рушди иқтисодиёти Тоҷикистон, муаррифии молу маҳсулоти истеҳсоли ширкатҳои ин кишвар ва табодули таҷриба байни тоҷирони тоҷику афғон мебошад. Дар намоишгоҳ молҳои саноати бофандагӣ, хӯрокворӣ ва саноати сабук ба маърази тамошо ва фурӯш гузошта мешаванд.Инчунин, дар ҷараёни намоишгоҳ вохӯрию мулоқоти доираҳои тиҷоратии ду кишвар дар назар дошта шудааст.                  Н. Раҳимӣ афзуд, ки солҳои охир ҳамкориҳои иқтисодӣ байни ду давлати ҳамҷавор беш аз пеш густариш меёбад. Мубодилаи мол байни ду кишвар дар 6 моҳи соли 2009 наздики 40 миллион долларро ташкил дод. Корхонаҳои муштарак дар бахши коркарди чарм, маснуоти оҳанию бетонӣ, сохтмон, ҳамлу нақл, қаннодӣ ба мисли «Помирчарм», «Ширинасал», «Нигин» ва ғайраҳо фаъолият доранд. Дар як ҳафта бо хатсайри Кобул -Душанбе — Кобул се парвоз аз сӯи ширкатҳои ҳавоии «Ориёно» ва «Комёр»- ки Афғонистон сурат мегирад, ки далели таҳкими робитаҳои иқтисодию тиҷоратии ҳар ду давлат аст.

Июль 31, 2009 16:47

Хабарҳои дигари ин бахш

ОГОҲӢ! Аз 27 то 30 июн дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани селҳои хусусияти маҳаллидошта пешгӯӣ мешавад
Дар КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» ба муносибати Рӯзи Ваҳдати миллӣ ва қабули ташаббуси нави ҷаҳонии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Дар Рашт дар мавзуи «Ваҳдати миллӣ – асоси таҳкими давлатдории тоҷикон» конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Дар Бохтар бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ ҳамоиши сиёсӣ-фарҳангӣ баргузор гардид
Дар назди Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 2-и шаҳри Норак бинои иловагӣ сохта мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Беш аз ду километр роҳи деҳаи Ниликони ноҳияи Рӯдакӣ мумфарш гардид
Дар ҷаласаи 45-уми Шурои идоракунандагони GCF масъалаҳои стратегии марбут ба татбиқи Созишномаи Париж баррасӣ мешаванд
Хизматрасонӣ 24/7: чӣ тавр оператори мобилӣ бо муштариён муошират менамояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 40 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1245 сомонӣ муқаррар шудааст