САФАРИ КОРИИ САРВАРИ ДАВЛАТ ДАР МИСР ИДОМА ДОРАД

Июль 15, 2009 08:41

              Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз шаҳри Шарм-уш — Шайхи Ҷумҳурии Мисри Араб, ки баҳри иштирок дар Мулоқоти сарони давлатҳои аъзо ва нозири Ҳаракати ҳамроҳнашавӣ дар он ҷо қарор дорад, бо Президенти Федератсияи Русия Дмитрий Медведев гуфтугӯйи телефонӣ анҷом дод.              Зимни сӯҳбат умдатарин масоили вобаста ба муносибатҳои Тоҷикистону Русия баррасӣ шуданд.              Таваҷҷӯҳи махсус ба ҷанбаҳои ҳамкории иқтисодии миёни ду кишвар аз ҷумла, ба масъалаи мавриди баҳрабардорӣ қарор додани нерӯгоҳи обии Сангтӯда-1 зоҳир гардид.              Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Шарм-уш-Шайхи Ҷумҳурии Мисри Араб Вазири корҳои хориҷии Сингапур Ҷорҷ Еоро ба ҳузур пазируфт.              Дар мулоқот масоили ташкил ва густариши ҳамкории барои ҳарду кишвар судманд баррасӣ шуд.              Таъкид гардид, ки эҷоди заминаи қарордодиву ҳуқуқии ҳамкории гуногунсоҳа бояд аз иқдомҳои аввал дар эъмори муносибатҳои дӯстӣ ва робитаҳои пайвастаи ду давлат бошад. Барои ба имзо расондани як зумра санадҳои заминавӣ, аз ҷумла дар бораи ҳавасмандгардонӣ ва ҳимояи мутақобилаи сармоягузориҳо, оид ба канорагирӣ аз андозбандии дукарата, ҳамкории иқтисодӣ, тиҷоратӣ ва техникӣ ва доир ба туризм ташкили музокироти байнидавлатии Тоҷикистону Сингапур дар сатҳи олӣ зарур шумурда шуд.             Ҳамкорӣ дар соҳаҳои гидроэнергетика, саноати кӯҳӣ ва бунёди корхонаҳои муштараки коркарди маҳсулоти кишоварзӣ аз самтҳои ояндадори робитаҳои иқтисодии ду кишвар арзёбӣ гардид.Дар мулоқот ҳамчунин масоили ҳамкорӣ дар чаҳорчӯби Ҳаракати ҳамроҳнашавӣ ва дигар созмонҳои байналмилалию минтақавӣ баррасӣ шуд.               Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин Вазири корҳои хориҷии Индонезия Ҳасан Вираҷударо ба ҳузур пазируфт. Дар мулоқот масоили вобаста ба татбиқи амалии натиҷаҳои сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҷумҳурии Индонезия, ки моҳи октябри соли 2003 ҷараён гирифта буд ва дар заминаи он густариш додани муносибатҳои барои ҳарду кишвар судбахш баррасӣ шуд.               Баҳри такон додани ҳамкориҳо ҷоннок намудани кори Комиссияи муштараки байниҳукуматӣ зарур шумурда шуд.              Гуфтугӯйи судманд ҳамчунин оид ба таҳким ва густариши муносибатҳо дар чаҳорчӯби Ҳаракати ҳамроҳнашавӣ, Созмони Конфронси Исломӣ ва дигар ташкилоти байналмилалӣ сурат гирифт.              Масоили вобаста ба таҳкиму густариши муносибатҳо оид ба барқарорсозии ҳаёти осоишта ва созандагию бунёдкорӣ дар Афғонистон низ аз мавзӯъҳои асосии сӯҳбат буд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Июль 15, 2009 08:41

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар вилояти Хатлон ҷаласаи Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба зимистонгузаронӣ баргузор шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 10 дараҷа гарм мешавад
Ҳифзи Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ва Ваҳдати миллӣ муҳимтарин вазифа аст
Дар шаҳри Ҳисор оид ба пешгирии қонунвайронкуниҳо ҷаласаи васеи назоратӣ баргузор шуд
Дар Душанбе 24 нуқтаи савдо дар маконҳои номуайян бартараф карда шуд
Соли 2026 дар Тоҷикистон ду неругоҳи офтобӣ ба истифода дода мешавад
Тарофаҳою хизматрасониҳои мобилӣ чӣ гуна тавлид мешаванд?
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Пагоҳ дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон сар задани сел дар назар аст
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Кормандони воҳидҳои сохтории Суғд аз тамошои Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ таассуроти амиқ бардоштанд
Huawei насли нави дастгоҳҳои инноватсиониро муаррифӣ менамояд