САФАРИ НАХУСТИНИ РАСМИИ ПРЕЗИДЕНТИ ПОКИСТОН БА ТОҶИКИСТОН

Июль 28, 2009 21:17

                 Душанбе, 28 июл. (АМИТ «Ховар», Наргис Бояхмедова ). — Президенти Ҷумҳурии Исломии Покистон Осаф Алии Зардорӣ бегоҳии имрӯз барои боздиди нахустини расмӣ ба Тоҷикистон ташриф меорад. Ӯро дар майдони ҳавоии пойтахт Сарвазири ҷумҳурӣ Оқил Оқилов ва шахсони дигари расмӣ пешвоз мегиранд.                  Маросими истиқболи президенти Ҷумҳурии Исломии Покистон Осаф Алии Зардорӣ субҳи 29 июл дар Қасри Миллат баргузор хоҳад гашт.                 Мухбири АМИТ «Ховар» ёдовар мешавад, ки Покистон дар байни мамлакатҳои ҷаҳон яке аз аввалин мамлакатҳое буд, ки истиқлолияти Тоҷикистонро эътироф карда, бо мамлакати мо муносибатҳои дипломатӣ муқаррар намуданд. Сафоратхонаи Покистон дар Тоҷикистон 16 июни соли 1992 кушода шуд. То имрӯз байни Тоҷикистону Покистон 22 ҳуҷҷати ҳамкорӣ, аз ҷумла созишномаи тиҷоратию иқтисодӣ ба имзо расидаанд.               Маблағи хариду фурӯши мол дар байни Тоҷикистону Покистон соли 2008 — ум 1,7 миллион доллари ИМА ва дар давоми чор моҳи аввали соли 2009 — ум 2,8 миллион доллари ИМА — ро ташкил дод.  

Июль 28, 2009 21:17

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!