ШӮРОИ МАШВАРАТӢ ДАР НАЗДИ СУДИ КОНСТИТУТ СОНӢ
Душанбе, 15 июл. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Дар назди Суди Конститутсионӣ Шӯрои илми- машваратӣ таъсис ёфт. Ба ҳайати Шӯро 17 нафар шахсони маъруф, олимони ҳуқуқшинос ва судяҳои таҷрибадори ба истеъфорафтаи Суди Конститутсионӣ ворид гардиданд. Дар аввалин вохӯрии аъзоёни шӯрои илмӣ -машваратӣ диққати асосиро ба амалӣ шудани қисми 5-и моддаи 47-и қонуни конститутсиони Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Суди Конститутсионӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» бахшиданд. Моддаи мазкур муқаррар менамояд, ки дар ҳолати вайрон кардани Конститутсия ва дигар қонунҳои Ҷумҳурии Точикистон, Суди Конститутсионӣ нисбати органҳои салоҳиятдор, шахсони мансабдор, ки ба вайрон кардани қонун роҳ додаанд, таинот мебарорад. Дар шӯрои аввалини илми- машваратӣ диққати асосӣ на фақат барои ошкор кардани қонунвайронкунӣ, балки барои бартараф кардани камбудиҳои ошкоршуда равона карда шуд.








5 феврал дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад






