ШОҲПАРАКҲОИ САФЕДИ ЗАРРИНДУМБОЛ ДУШАНБЕРО ТАРК МЕКУНАНД?
Душанбе, 28 июл.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Дар назар аст, ки то 5 август анбӯҳи шоҳпаракҳои сафеди зарриндумбол, ки имрӯз бархе аз маҳаллаю кӯчаҳои пойтахтро фаро гирифтааст ботадриҷ аз байн бурда мешаванд, гуфт зимни мусоҳиба ба хабарнигори АМИТ «Ховар» сардухтури давлатии санитарии шаҳри Душанбе Зиёвуддин Афғонов. Мавсуф зикр кард, ки шоҳпаракҳои зарриндумбол ҳашароти хавфнок буда, паҳнкунандаи бемории аллергия аст. Сабаби пайдоиши он боришоти аз меъёр зиёди имсола буда, макони ин гуна шоҳпаракҳо кӯҳистон мебошад. Шоҳпаракҳои сафеди зарриндумбол аз қисмати шимолӣ- Варзоб ба шаҳри Душанбе кӯч бастаанд. Ва муддати се ҳафта аст, ки дар пойтахт мушоҳида мегарданд. Шоҳпаракҳо аслан шабона кӯч баста, макони худро иваз менамоянд. Ҷиҳати аз байн бурдани он сохторҳои марбутаи шаҳри Душанбе, бахусус Сарраёсати ободонии пойтахт дар ҳамкорӣ бо ширкати «Фавз» тадбирҳои мушаххас андешида, корҳои дезинфексиониро дар ин самт ба роҳ мондаанд. То имрӯз ба хадамоти марбутаи пойтахт беш аз 700 нафар шаҳрвандон ва намояндагони муассисаю ташкилотҳои дар пойтахт буда, барои гузаронидани корҳои дезинфиксионӣ ва мубориза бо ин ҳашарот муроҷиат намудаанд.








Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






