ТАҲЛИЛИ ВАЗЪИ ҶИНОЯТКОРӢ ДАР ВИЛОЯТИ СУҒД
Суғд, 21 июл. (АМИТ «Ховар», Санавбар Мақсудова). — Сардори раёсати Агентии назорати маводи нашъадори вилояти Суғд Файзулло Абдуллоев ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар дод, ки дар давоми шаш моҳи гузаштаи соли равон дар ҳудуди вилоят 389 килограмм маводи нашъадор мусодира карда шуд. Аз ин ҷумла, 257 килограмм героин мебошад. Ба қавли ӯ, дар ин муддат дар вилоят вобаста ба маводи нашъадор 134 ҷиноят содир карда шуд. Ф.Абдуллоев афзуд, ки дар ҷараёни амалӣ сохтани тадбирҳои мақомоти муҳофизи қонуну тартибот дар ҳудуди вилоят фаъолияти 7 ташкилоти муташаккили ҷинояткор қатъ карда шуд. Ин ташкилотҳо 23 нафарро муттаҳид сохта, ба қочоқи маводи нашъадор машғул буданд. Ба туфайли дастгир шудани аъзои ин гурӯҳҳои ҷинояткор 23,3 килограмм маводи нашаъдор мусодира карда шуд. Муфаттишони раёсати агентии мазкур дар ин муддат нисбати 38 нафар 29 парвандаи ҷиноӣ кушоданд. Дар ин муддат дар лавлатҳои ИДМ 27 сокини вилоят барои хариду фурӯши ғайриқонунӣ ва қочоқи маводи нашъадор дастгир шуд. Аз ҷумла, дар қаламрави Русия 20 нафар, дар қаламрави Ӯзбекистон 4 нафар, дар қаламрави Қирғизистон 3 нафар дастгир шуданд. Аз онҳо 72 килограмму 165 грамм моддаи нашъадор мусодира карда шуд. Аз ин ҷумла, 58 килограмм героин мебошад, гуфт дар хотима Ф.Абдуллоев. Тарҷумон — Қудратов А.








Вакили Маҷлиси намояндагон бо фаъолони ноҳияи Шамсиддин Шоҳин вохӯрӣ намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 26 август, чоршанбе, 238-умин рӯзи соли 2026 аст
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Дар Бадахшон 1300 километр роҳ дорои аҳаммияти байналмилалӣ мебошад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Алоқа барои донишҷӯён: интернет ва дақиқаҳои зиёд бо 50 сомонӣ дар як моҳ
Дар Ҷамоати деҳоти Равшани ноҳияи Зафаробод корхонаи нави парандапарварӣ бунёд карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад






